Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

гўрро баст. Пораҳо ва дебои бобулиро, ки хеле фит ва ғоз-ғоз гашта буданд, ба ҳам оварду печид, ки чизе нашуда бошад бо гўри Куруш ва наъши шоҳи кабир.
Бурун омад сўхтадимоғ ва арақшор дар чунин ҳавои баҳорӣ ва дамидаву нафастанг. Афсўс дар дил дошт, ки появу тобути тиллоии ўро бурда натавонад аз шарму ҳаё. Баъд бо хотири хотирҳо ва умеди фардо, ки бозгардад ва ин корро сомон диҳад, фармуд даҳони гўрхонаро девор гиранд бо оҷур. Бастанд дари гўрхонаро бо хишт ва шоҳи марзҷўву зарҷўву «кишваркушо» мўҳри Искандарӣ зад бар он, то касе ҷуръату қудрати кушодани онро надошта бошад. Муғбаччаҳову пири муғонро биронд аз боргоҳ, ки шумо ғорат кардед гўрро. Онҳо ҳарчанд даъво мекарданд ва бурҳон меоварданд, ки ин кор накардаем ва чунон ки дар «Васиятнома»
омада, дар гўр чизе аз зару зевар набуда, шоҳсипаҳсолор бовар намекард ва қасдан бовар намекард, то кина кафонад. Ба ҷойи муғони сарсупурда ва донандаи шарҳи ҳоли Куруш ва мўъбадону пирони боимон мақдуниёни ноогоҳ аз расму русуми эрониёнро нигаҳбон монд. Ва муғзодаҳо гирён буданд, то чӣ шавад бо гўру аъмоли шоҳаншоҳи порсӣ. Баъд Искандар ҳама алам ва бухлу буғз аз Хоҷа Урсинас ситонд:
— Дурўғи сифр гуфтӣ, хоҷаи нобакор!
— На, дурўғ нагуфтаам!
— Аз васияти Куруш пайдост, ки дар ин гўр зару зевар набуда.
— На. Буда! Ё муғон ситуда ё дуздон рабуда!
— Набуда! Набуда! – шамшери курушӣ боло кард Искандар.
Хоҷа чун дид, ки кор аз кор гузашта, баланд садо дардод:
«Ман шунида будам, ки вақте занон дар Осиё салтанат мекарданд, вале ин тозагӣ дорад, ки мебинам хоҷаҳо дар он салтанат мекунанд…»
Суханони хоҷа чандхўра буданд ва муҳим он буд, ки хоҷагони имрўза аз занони пешин заъифтаранд, ки зар аз гўр ҷўянд. Ва Искандар ин ишораро ба худ кашид, ки афзуд ғазабаш. Сахт шамшер ронд ва сари Хоҷа Урсинасро гардан зад. Сари ў ба домани мазор ғелида, гули қоқуи зардрангро лоларанг гардонд ва поёнтар дар буттае андармон шуд, ки он бутта ба буттаи паҳлўи гўри Куруш монанд буд. Тани оғушта ба хуну хоки хоҷа миёни сабзаҳои поймол ҷонбозӣ дошт; пой мезаду даст, то даме, ки равонаш аз гардани бурида меҷасту мешорид ва бод садое овард ба гўши шоҳ Искандар: «Кайҳост, ки шоҳи Порс аз фарти бехабарӣ қурбоние накарда андар ин мазор…»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор