Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва муғони ибодатгоҳи Куруш колоҳои зери кашро сахттар фишурда, розӣ аз сари солимашон роҳи хонаҳои хеш пеш гирифтанд. Искандар ба ҷойи эшон мақдуниёнро ҷо ба ҷо кард ва рў ба ҳисори сўхта овард…
Оташи тори бурҷи оташкадаи Ноҳид хомўш гашт. Як теппачаи дигар руст дар ин баҳор миёни сабзаву шукуфаҳо дар доманаи ин мазор: «Машҳади Хоҷа Урсинас»
БАНДИ ДУВВУМ
Пойтахти модҳо Ҳангаматон (Ҳамадон) яке аз пойтахтҳои чаҳоргонаи оли Ҳахоманиш буд ва беҳтарин ҷой, ки шоҳони ҳахоманишӣ хубтарин рўзҳои хешро ҳангоми гармо ин ҷо ба сар мебурданд. Вале ин рўзҳо ғайбатгоҳе шуда чунин фароғатгоҳ. Мардум хислату хў ва неку бади ду шоҳи номдори замонро муҳокима мекарданд ва фикру андешаашон радду бадал мешуд:
Искандарро нафрин мекарданд, ки тартумарт дораду харобӣ, Дороро дашном медоданд, ки хуни гарм надораду ҷавонмардӣ.
Искандар – зарҷўй, Доро – хазинагузор; Искандар – марзҷўй, Доро
– марзгузор… Шоҳии Дорои Кудумон чун шоҳии Файлақуси дуввум тасодуфист. Аз ин ҷост, ки ҷуз ғами ҷони хеш ғами дигар надорад. Ғами ватан, ғами миллат, ғами тахту тоҷ ва ёди модару фарзанд кайҳо аз сари ў парида. Ҷуз номаи талаб, ки ба Искандар фиристода буд, дигар такопўе ба раҳои онҳо накард. Марги занаш Статира аз ёд рафта. Ўро қудрате набувад ва ору нанг, ки
1 дирафши бунафши эронӣ ва хўчи уқобдори Курушӣ парафшон гардонад. Умедвор, ки Искандар ба зару хостаи Шушу Бобул ва ё ганҷи Эроншаҳр қаноат кунад ва бар асари ў наояд. Зеро балвои фракиҳо, исёни Спарта ва шўришҳои дигари юнониён ўро бозпас хоҳанд бурд. Ва Дорои Саввум бо чунин зарҷомаву зартоҷ зебанда бувад зартахтро. Вале тамоми фасли зимистонро, ки чун Искандар ба айшу нўш гузаронд, иттилоъ аз Эроншаҳр дошт, ки шоҳи мақдунӣ хайма тўлонӣ зада ва шояд дигар аз он шаҳр барнаояд. Лек чун хабари оташ задани дижи Ҷамшеду Дориюш ва Хишоёршоҳу Ардашер ба ў расид, умедканда шуд, ки шоҳи гурусначашми нодида бо ҳеҷ ганҷ сер нахоҳад шуд…
Ва барои он ки фикру андешаро аз сар дур андозад, созу барг кард ва ба айшу нўшу ишрат пардохт; хешбину хешхоҳ гашт:
«Маро шоҳаншоҳӣ ва тахту тоҷи ҳахоманишӣ ҳоҷат набувад; ҳоким ё волии мулке кифоя бувад. Ман чун Искандар хазина набардорам. Рўзии сипоҳ ва музди эшонро расонам, бас аст…
Вале аз таънаву маломати эрониён нахоҳам раст: дунёи ҳахома-
- Хўч – дирафш, байрақ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор