Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

ниширо ба душман додӣ, тухмаву асосу решаи оли Ҳахоманишро баркандӣ, гўянд. Агар сангсор кунанд, ҳақ ононрост. Тарсам аз он аст, ки ҳамагон рў гардонанд; ҳам сипаҳбадон, ҳам сипоҳ, ҳам халқ, ҳам дўст ва ҳам табор… Ҳоло ки ҳама пайвандонам дар дасти душмананд… давлати бузурги Порс лозим нест маро!…
Ҳангаматон созгор бувад бо ман…
Ҳатто мулке хурдтар аз он низ созгор бошад маро… Шарт нест, ки барои мулки бекарон ҷонбозӣ кунам…
«Пеш аз ту барои ин мулк ҷонбозиҳо карданд ва баъди ту низ ҷонбозиҳо хоҳанд кард!»
Садо омад аз ғайб ва шоҳ Доро гўшҳояшро бо каф пўшид, ки аз кафи ў низ садо гузарад ё на?
«Туро кӣ шоҳ хонд? Бо ў бисоз ва ҳамроҳи ў бош! Туро ҷой набошад дар ин олам!»
Фарқе набуд аз доштан ва ё надоштани гўшҳояш. Садои шинос меомад. Вале аз куҷо меомад, муайян набуд.
«На-а-а, на! Набояд сар ба душман диҳам! Ман танҳо наям…
Ваҳдат бояд кард… Порсро зинда бояд дошт… Агар Искандар як диж сўхт, Порс ҳазор диж созад. Кўшкро сўхт, вале эрониён зиндаанд; «Авесто»-ро сўхт, оташпарастон намурдаанд…»
Якбора сахт сар афшонд, кайфи шароби хўрдааш аз сар парид. Биандешид, ки чӣ карду чиҳо мегўяд. Ҳушбаҷой шуд, ки бо чунин сипоҳи азим чӣ гуна пархошро бозад? Сӣ ҳазор сарбози пиёда гирд омада, ки чаҳор ҳазори он зархаридони юнонианд ва дар бораи онҳо баҳси зиёд аст; сатрапи Бохтар Бесус онҳоро чашми дидан надорад. Худи ў се ҳазор чобуксаворони бохтарӣ оварда, то мулки Порсро ҳимоя кунад. Чун мулк дар дасти ў нест ва Дорои Кудумон ба ҳарфи ў гўш намедиҳад, дилсарду сармсар овард мекунад. Доро аз ин рў ба Бесус ихтиёри сипоҳро пурра на-
1 месупорад, ки бо Моҳуи ниқорталаб созаду роҳи интиқом ҷўяд.
Чаҳор ҳазор сипардорону найзаварон ва тирандозон омода ба ҷанганд. Чӣ шавад, агар Доро боз шикаст хўрад? Ва ҳама волиҳои вилояту кишварҳову хиттаи Порс ҳамроҳи шоҳи Эрон ҳастанд:
сарфавҷи саворон Набарзан, писарони сипаҳсолори кордида Ортабоз Қоф, Ориёбарзан ва Аршак, волии тапурҳо Автофрадат, ҳокими Гиркану Парфия Фратаферн, волии Ориё Сотибарзан, ҳокими Арахозияву Дрангианӣ Барзаенд ва бисёр асилзодагону горди махсуси «Ҷовидон» ҳамроҳи шоҳанд. Ва боз умед ҳаст, ки аз қабилаҳои кўчнишини Шимол – аз масагетҳову скифҳо фавҷфавҷ даррасанд. Бо чунин нерўи бузург ҳар гуна шоҳи бобасар ва ватанпараст тавонад пеши роҳи лашкар ва лашкаркаши номии душманро бигирад… Пайдост, ки Дорои Кудумон Куруш ё До-
- Моҳўй – бародари вазир Боҳуй буда, дандон дорад ба кушандаи Доро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор