Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

ройи Аввал ва ё Хишоёршоҳ нест; ў ё бандаи сарбозони кироя аст, ё бандаи чанд ҷондору рикобдор ва ё худ бандаи айшу нўш ва муошират…
… Ва аммо чун радону ялони дар гўштӣ тасодуфан афтида ба худ мепечиду месўхт, ки дар ҷанги Граника пирўзӣ дошту набардро бохт, дар пархоши Йусус низ, дар оварди Говгомол ҳам бояд ў чирадаст мешуд, лек чӣ шуд, ки дар ҷўши ҷанг ҳазимат кард…
Сар мекафонду сабабашро намефаҳмид. Агар Бесус асбоб гўяд, Дорои равонкоста ўро душман мепиндошт. Баъд чун шағоли сайддода аз чангол дандон месоид ва вонамуд мекард, ки нангу номус дорад, барои ватани харобгашта месўзад. Аммо ҳамагон донанд, ки хешкомие беш дар хуни ў чизе нест. Чин дар ҷабин фиканда, андўҳ гирад, то дигарон донанд, ки дар мотами кишвари поймолгашта нишаста. Гўё аз ғусса шароб хўрад; аз дарди ватан гиряд; барои халқ сўзад… Аммо шоҳи хешнашиноси бодовард дар ғами ҷони худу айшу нўш буд ва гоҳ-гоҳе ба ҳуш ояд, сўҳбат бо сарфавҷҳо ё дўстон мекард. Ва бештар такя ба Ориёбарзан дошт, ки дар Мақдуниё таълим гирифта, феълу хўйи ононро медонист ва бо расму оинашон ошно буд; ҳолиё ба ном ҳокими Порс.
Лекин Доро гоҳи танг омадан ва зарурат пури сипаҳсолори Порс Ориёбарзанро танҳо гузошт ва ў натавонист дар ҷанги Дарбанди Эрон дар муқобили сипоҳи Искандар ситод бикунад.
Ва он гоҳ шаҳрдори Эроншаҳр Ориёбарзан чун дид, ки лашкари Искандар ворид ба дижи шоҳони ҳахоманишӣ гашт, инони асбашро сўйи Ҳангаматон тофт, то баёнот ба шоҳи Порс Дорои Кудумон диҳад, ки бо чӣ сабабҳо ҷангро бохт.
— Чун натавонистӣ дар он тангно ўро даст гирӣ?! – беҳушона дўғ зад Доро.
— Саҳл монда буд…
— Чун ҳамеша… – тамасхур кард шоҳ, вале Ориёбарзани фиребхўрда сухани ўро ба ростӣ гардонд:
— Оре шоҳ, чун ҳамеша. Дар ҳама пархошҳо моро чизе нарасад…
— Дуруст гўйӣ: ҳама вақт баҳонае ҳаст, – ҳарфи ҳокимро бурид шоҳ: — Ё фурсат тангӣ кунад, ё ёрон бевафойӣ; ва шоҳу сипоҳ хоини Эронем… Вагарна пойи номубораки мақдуниён ба ин покбум нарасида буд.
— Ин чиз шоҳро равшантар аз рўз бошад… Вале шоҳ гумон надорад, ки гурўҳи Ориёбарзан, сарсупурдаҳои Эроншаҳр бо сипоҳи Искандар овард накард.
— Яъне, овард карданд, вале омад накард?
— Оре, шоҳ… Мо аз сари онҳо сангу тир боридем. Фикандаҳои мақдунӣ рўйи роҳро пур карданд. Искандар тоб наоварда ҷилави асбашро пас гардонд ва пошнахез гурехт. Чунон буд, ки абадан ҳазимат кард… Аммо дами субҳ аз паси овардгоҳи кўҳӣ садои табираи ҷангии душман баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор