Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Посбонҳову дидбонҳои бехабар даст аз ҷони хеш шушта осема гаштанд, ки чун душман гирд гашта кўҳро ва ғофилгир карда моро. Ҷанги шадид шуд, вале…
— …вале, шумо эзоратонро тар кардед!? Куни гўзинро орди ҷав баҳона!… Ту бояд ин ҷангро мебурдӣ! Зеро дар фавҷи эрониён ҳеҷ сарбози кироя набуд ва шояд хиёнате нарафта!
— Оре, шоҳ, аммо хиёнату ғафлат ва тарс дар ҷанг бародаронанд.
— Тарсидӣ?
— Ман на…
— Ту на, ман!… Ҷуҳудигароиатро мон!
— Яъне, чӣ?
— Ҷуҳуд ба пойи Куруш афтода хешро аз зулми бобулиён раҳонид ва оне ки ба сари ҳахоманишиҳо бало омад, худро канор кашид. Ту низ мехоҳӣ дар чунин лаҳза канор бошӣ. Бесус ҳам хоҳад канор бошад. Набарзану Моҳуй низ. Ва ман ҳамроҳи кӣ биҷангам бо Искандар?
— Касе шоҳро танҳо гузоштанӣ нест. Эрониён донанд, ки барраи танҳоро гург хўрад. Ва ҳеҷ гоҳ нагузоранд, ки …
— Ба ҳар тақдир ман умед доштам, ки Ориёбарзан ҷанги остони Эроншаҳрро бубарад ва ҷанги мақдуниёнро хотима бахшад.
— Пирўзӣ яқин буд… Искандар моро ба дом овард… мебоист мо ўро ба дом орем…
Бори нахуст Дороро аҷаб омад; безобита гашт, хун ба рўяш зад; тафсид ва бархост. Аҷабтар Ориёбарзанро буд, ки Доро низ дар тан хун дорад ва ўро безобита гардонад:
— Аҷаб мегўйӣ…
— Аҷаб ин набувад, шоҳ… Ҳеҷ андешидаед, ки сабаби бохти ҷангҳои порсиён чист?
— Бесус ҳам чунин пурсад! Ту низ… Гўё гунаҳгор манам!
Қаҳрамон шумо! Охир…
— На, шоҳ…
— Медонам: чизи маълум… равшантар аз рўз… Шумо дигар ҳарф надоред: айби бардаҳои юнонӣ!
— Бале, шоҳ…
— Пас шумо куҷоед?! Шумо, ки лофи ватандорӣ мезанед ва ҳамаро гунаҳгор медонед, чаро шамшер ба санг задед?!
Шаҳрдори Эроншаҳрро аҷаб буд, ки шоҳ Доро ғазаб карда метавонад ва наъра кашида. Худро андаке пас кашид:
— … Сипоҳиёни кироя аввал ҷонибдори шоҳ буданд…
— Аз ту бохти ҷанги Бандари Эронро пурсидам!
— Дар ҷанги Бандари Порс сарбози юнонӣ асир афтод. Чеҳрааш гарму шинос тофт. Чун бозпурсу истинтоқ кардам, қоил омад, ки дар сипоҳи шоҳ Доро буд ва фурсат ёфта ба сипоҳи Искандар гузашт.

пешина
аз 391
навбатӣ