Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва ҳама сирру асрори артиши Порс ба онҳо фурўхт.
— Куҷост он сарбоз?
— Сараш гирифтам…
— Дурўғ гўйӣ!!!
Ориёбарзани даступохўрда ҳайрон монд, ки чаро шоҳ нобовар аст ва ҷуз ҳарфи хеш лафзеро напазирад: «ё ақлбохта аст ва ё барқаст чунин рафтор бикунад, то ҳама назди ў муттаҳам бошанд.»
— Маро чӣ заруратест, ки назди шоҳ дурўғ гўям?
— Бесус низ чунин дурўғҳо гўяд ва ҳама гунаҳро бар сари ман бор кунад…
— Гўспандро ба пойи худ овезанд, бузро низ. Маро бо Бесус коре набошад… Ва ман шоҳаншоҳро гунаҳгор нашумурдаам.
Гуфтам, ки хиёнат ба шоҳ кунанд.
— Ва донӣ, ки хиёнатро кӣ кунад?
— Чунон ки гуфтам, сарбозони кироя, ки ҷуз зару сим армони дигар надоранд.
Доро ба андеша рафт: «Бесус магар дуруст гўяд? Ё бо ин сипаҳбад забон як карда? Гумон намекунам. Зеро падари Ориёбарзан Ортабози Порс ҳама умр гароида буд маро ва ҳеҷ накаловида.»
Сатрапи Бохтар Бесуси чобуксавор аз боргоҳ бурун омадани Ориёбарзани оташину сарандохтаро дида, ҳайрон монд ва то рў паноҳ кардани шаҳрдори ҷангбохтаи Эроншаҳр нигарон истод.
Яқин кард, ки шоҳи ноўҳдабаро дод аз шаҳрдор ситонида. Зеро шоҳи ба танг омада, баъди шикастҳо ҷуз айшу нўш ва алам аз воливу шаҳрдорҳо ситонидан машғулие надошт. Дар чунин вазъу ҳол Бесус нахост назди шоҳ дарояд ва оташи ғазаби ўро доман занад. Ва боз медонист, ки Дорои шўридасар ҳама заҳри моронаашро ба тани ў хоҳад зад. Оҳиста хешро пас кашид ва Кўшки Гардони рўйи рўд омад, то хоб гўяд ба об. Зеро ин мавзеъ чун кохи ҳоҷатбарор ном бароварда буд ва Бесус қиссаҳои бародаркушии шоҳ Ардашери Саввуму найрангҳои вазир Боҳуйро хуб огоҳӣ дошт. Аз ин рў Бесус пеш омад, то бубинад, ки кўшки даввор чӣ гуна бувад ва чун бикушад касро…
Вале чизеро дарёб накард; кўшки тобистонаи сету аз тахта сохта шуда, ин замон қарору сокиту ором буд. Оби наҳр мегузашт аз зери он, лек кўшки гардон ноҷунбон. Он ҷо нишонае аз қатлгоҳ набуд: на дор, на зеркунда, на теғ, на камон, на дашнаву шамшер, на синону пайкон, на соғару заҳр…
Танҳо он сўйи об, буни чанори азим, ки машҳадро мемонд, чанд ҷо хоки дамида монанд ба деги миси воруна гўрҳое буданд, ки дарак аз бародаркушиҳои Ох медоданд. Гўрҳои хурду бузурги писарони Ардашери Дуввум буданд. Фикандаҳои хоҷасарой Боҳуй ва Ардашери Саввуми аврангхоҳу аврангталаб…

пешина
аз 391
навбатӣ