Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Бесус дар туи аввали кўшки даввор такя бар шоҳсутуни айвони кушод дорад; андешаманд: «Ҷое чинор ҳаст, мазор аст. Ва ин дарахти азиму парешони бесамар агар мазор нагардад, бо гарди заҳрогини пушти баргаш сокинони зершохашро оқибат кўр хоҳад кард..» Ҳоло ки ҷуз лонаҳои бесоҳиби мурғакон ва ҷо-ҷо хучҳои хушкидаи монанд ба гирдакон бору барге надорад, бехавф бувад.
Бесуси сияҳмўйи сияҳчарда зиёдтар аз пешин ошуфтаву парешон, ки шоҳ бо Ориёбарзан чӣ гуфтутўе карда бошад. Аввал бояд донист, пасон андешид дар боби дунёдорӣ.
Аз моварои рўдбор пеши назараш симое омад шинос. Аммо фарқ накард, ки Боҳуй аст ё Моҳуй? Бародарон он қадар ҳаммонанди якдигар, ки як қатра обро дигарранг кардан номумкин бошад… Он сурат худро менамуду пас мекашид; бозие буд рустшавакони кўдакон. Чашм танг карда, гардан ёзида менигарист, ки рост бувад ё фиреби назар? Сурате нусхаи Боҳуй. Дастҷомааш низ монанд ба сару либоси Боҳуй. Тааҷҷуб кард Бесус, ки аз мурдани сатрапи Бохтар чандин сол гузашта, хоку туроб гашта ҷисму ҷасадаш ва ин чӣ аломат аст, ки мебинад? Моҳуй гўяд, Моҳуй нест; Боҳуй гўяд, Боҳуй нест. Моҳуи бародари Боҳуй ин замон розбони шоҳ Дорост ва ин ҷо бо Бесус бозӣ карданаш аз баҳри чӣ бошад? «Ё маро санҷиданист ва ё аз таги дилам бохабар аст… Ё Худованд Боҳуйро зинда гардонида, ки ҷуз ў касе ин шоҳи ноўҳдабароро сариштаву саранҷом карда натавонад. Моҳуй сахт дилбастааст шоҳро. Пеши ў ҳар сухан гуфтан – ҳатто шакарпосух ҳам хавфе дорад». Ҷуз Бесус асрори дар куштани Боҳуй даст доштани Моҳуйро Доро донад. Аз ин рў Бесус аз ин мор худро дур гирифтанист. Аммо пайдо шудани Боҳуй дар назараш, сахт хавфовар. «Ин хоб нест магар?»
«Ба инсон бовар кардан худро аз даст додан бувад». Андеша дорад Бесус, бавижа бовар кардан ба Моҳуй барин мор, ки бародарашро фурўхта, дар таги пўсти Доро ҷой шуд, хатои маҳз бувад. Вале надонад, ки он ангора кист дар он сўйи об? «Чӣ балое маро ба ин ҷо овард? Баъзан сахт мегўям шоҳро; шояд Боҳуи худовандкушро сохта, фиристода бошад…»
Ангораи Боҳуй миёни ҳубобҳои хокии зери чанорро убур карда пеш омад то лаби рўдбор ва бозистод рў ба рўйи Бесус. Бо тааҷҷуб ва ҳайратзада нигаштани волии Бохтарро дида шакарханда кард ва дастҷомаи боҳуйӣ аз тан афканд. Моҳуй бурун омад аз зери либоси хоҷасаройӣ. Дандонханд сар андохт, ки меҳрубонии хешро ифода мекард. Бесус андаке ба худ омад, ҳамчунон табассум
1 кард: «Чӣ намға?» Ва Моҳуй ду бор сар ҷунбонд: «Ҳамин тавр…»
Пасон ду даст пеши бар ба расми бохтариҳо таъзим кард. Бесус
- Намға – нағма.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор