Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҳамчунон посух гуфт хомўш ва дарёфт, ки асроре ҳаст. Зеро ў хаёле огаҳ буда аз замири Моҳуй: «Яке бародар кушад, бародар қасди бародар ситонад.» Андеша дошт Бесус ва аз худ мепурсид, ки бо чунин фардони морнаҷод соз гирифтан маъние дорад ё на?
Зеро дар нобудии Боҳуй Моҳуй низ даст дошт, аммо ҷуз Бесус касе аз он огаҳ нагашта. Акнун чӣ шавад, ки аз кардаи хеш дод ситонад.
Гуфтугўйҳо гунгона буд; монанд: ҳарду баробар дастон рост сўйи замин кашида роҳ менамуданд ба якдигар: «Бигузар!» Ба назари ҳар кадом имтиҳоне намуд, ки аз ин наҳри надошта пуле ё убургоҳе чун бигзаранд.
— Чаро хоҷа раҳгум заданд? – мартабаи ўро ба мартабаи бародараш Боҳуй баробар дониста пурсид Бесус.
— На, хоҷа раҳгум назада… – хушаш омад «хоҷа» унвон додани Бесус: — балки пайдо карда роҳашро… – Ва бод идомаи сухани пасти ўро сўе бурд, ки Бесус нашунид. Бо вуҷуди он гуфт:
— Сарфароз!
— Арз кардам, ки то имрўз бо пайроҳаҳои касногузар мерафтам, ки рўбоҳу шағол базўр убур мекард; инак роҳи кушоди хоҷасаройро пайдо кардам…
— Лаббай? – бод сухани ўро парешон мекард ва ба гумон об фурў мебурд, ки Бесус аз ҳар сухан ё ҷумла як ё ду ҳарф мешунид.
— Мегўм, агар ҳар кас бо шоҳроҳи аҷдодӣ наравад, ба манзил нарасад.
— Оре, хоҷа, бод рост оварда суханатонро, хуб шунидам. Ман ҳам андар ин хаёлам…
— Роҳи мо якест, шоҳи Бохтар!
Ва Бесус ҳайрон монд, ки чаро унвони шоҳиро якбора ба ў часпонд хоҷа, шояд аз он ки рутбаи «хоҷа»-ро ба вай муносиб дониста буд.
— Хоҷа дуруст фармуданд, роҳи мо якест, вале ин гуфтугўи ду канори рўдбор набувад. Бод бубарад сухану садоро най ба най ва гўш ба гўш, чунон ки ҳарфи нуҳуфтаи сартарошро ба гўши
1 шоҳ Мидоси шохдор.
— Оре, шоҳи Бохтар ҳеҷ гоҳ саҳв накунад. Вале ман дар ҳайратам, ки чаро мо дар ду соҳилем?
— Соҳил соҳили мурод бувад, хоҷа. Ду соҳил набудӣ, рўдбор нашудӣ.
— … Мурод ин аст! Ё бигзаранд ё бигзарам!
— Маро созгор бувад гузаштан, аммо гузаргоҳе намебинам.
Моҳуй табассум кард:

  1. «Мидос ду гўш дорад, ду гўши хар дорад!»
пешина
аз 391
навбатӣ