Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Чун шоҳи Бохтар балад наянд бар ин ҷойҳо, зарурате ҳаст, то роҳбалад бошам эшонро.
— Ба чашм…
— Аз ин ҷо намояд, ки зери айвон дастчархе ҳаст. Онро бояд чарх гардонд.
Бесус пештар омад. Аз лаби айвон сар хаму гардан ёзида нигарист ба паҳлў ва дастчархеро дид, ки болотар аз об меистод ва ба айвон васл буд. Тофт ба рост дастчархро ва таноб печид; оҳистаоҳиста аз даруни об ғадапуле бурун омад ба ду тахта. Гаронтар шуд тобидани чарх ва пашмитаноб мепечид ба ос. Ғадапул баланд шуд аз сатҳи рўд. Бесус чархро боздошт; танобро баст ва рў ба Моҳуй овард: «Бифармоянд!» Моҳуй сар андохту табассум кард ва пой бар ғада ниҳод ва он замон ба сараш чӣ андешае зад, ки пас кашид: «Натавонам.»
— Чаро?
— Чашм барад оби равон.
— Манигаред ба об!
— Чӣ гуна кўрона роҳ бояд рафтан?
— Ба ҳавои пой.
— На. Нашавад.
— Шавад, хоҷа. Мо ҳама кўрона роҳ равем; чун дар рўйи замин гашта одат кардаем, онро пай набарем.
— Чиҳо мегўйӣ, Бесус?
— Дуруст гўям, хоҷа. Роҳ рафтан дар шаби тор кўрона рафтанро монад. Кўр дар торикӣ зайле равад, ки дар рўз; бино натавонад ончунон рафтан дар шаб, ки дар рўз.
— Чӣ маънӣ дорад ин суханҳоят, Бесус?
— Гуфтаниам, ки шабу рўз хоҷаро фарқе надорад ва ҳеҷ мушкилоте набояд бошад дар роҳи эшон.
Хоҷа сарфаҳм нарафт ба мазмуни суханони ў, ки пештар шарҳ дода буд, бал ситоиш донист. Биболид ба худ ва аз нав пой бар пули ларзон ниҳод: «Маккор аст Бесус… Мабод, ки дар миёни шат чарх баракс гардонад ва ман ба об равам…»
— Обтанӣ донанд хоҷа? – баҷой буд ё ноҷой пурси Бесус, хоҷа аз нав пой баргирифт, ки каси рў ба рў аз таги дили ў бохабар метобад.
— На, хоҷа обтанӣ надонад! Чун Бесус тавонад, бигзарад! Зеро ў тавонад фарқ кунад дар рўз роҳ рафтанро аз шаб.
Бесус хаёл карда буд, ки Моҳуй ба кинояҳои ў сарфаҳм нарафт, вале чун ин посух бишнид, донист, ки сипоҳу маккор аст.
— Ташвиши дубора чӣ зарурате дорад, хоҷа?
— Чӣ гуна ташвиш?
— … ки ман он сў гузарам ва дубора ин сў оем?
— На. Мо дигар ҷой биравем.
— Дигар ҷой биравем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор