Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Оре!
— Куҷой?
— Ҷое, ки моро ба мурод расонад…
Тааҷҷуб кард Бесус ва пой бар тахтаи тар ниҳод. Пой, ки
1 ушна гирифта лағжон шуда буд, муҳол метофт бо чунин ғадаи ларзону лағжон гузаштан: «Хоҷа доност…» аз дил гузаронд ў ва рў овард ба хоҷа:
— Донотар аз хоҷа инсоне бошад?
— Оре, бошад!
— Кӣ бошад?
— Шоҳи Бохтар!
— На-а-а, хоҷа, донотар аз Боҳуй хоҷасарое нагузашта…
Моҳуй бародар ва пайгири ўст: пас донотар аз Моҳуй хоҷае набувад андар гетӣ.
— Агар сухани шоҳи Бохтар рост ва самимист, чунин шоҳро вазир хоҳам буд.
— Ва агар «шоҳ» амр кунад, ки «вазир» назди ў ояд? – майли Моҳуйро ба ояндаи дур дарёфта, пурсид Бесус.
— Агар роҳ озод аст ва хавфе набувад, вазир хоҳад гузашт; вале чун хоҷа донад, ки роҳи шоҳ баста ва хавфи зиёд дорад, худдорӣ бикунад.
Бесус посух нагуфт, балки суханони рамзомези ўро таҳлил кард ва чизе нагузашта пиндошта як пора тахтаи паҳлўи чарх истодаро бардошта шилми лағжони рўйи онро тарошид. Моҳуй аз он сўй нигариста завқ мебурд ва шодон буд, ки суханаш кора карда. Тир расида буд ба нишон; Моҳуй низ як шохаи ба замин фитодаи чанорро бардошта, монанди Бесус ба зудудани ушнаи ғадапул оғозид ва лаҳза ба лаҳза ба он сари пул менигарист, ки Бесуси хомўш чӣ андоза тоза карда тахтаро. Бесус нишастаравон ваҷаб-ваҷаб ушнаро рўфта ба об меафканд ва бо ҳамон тахтапора об бар ғада пошида месоид ва пештар меомад. Ва Моҳуй чун бо шохи хушки чанор об пошида наметавонист, чунин корро бо даст анҷом медод…
… Ва оҳиста-оҳиста ҳар ду пеш омаданд то миёнаи ғада. Рў ба рў ба чашмони якдигар зеҳн монда, рози ҳамро хонданд. Пасон дасти якдигар доштанд:
— Мо бояд якдигарро саришта кунем.
— Хоҷа фикри маро аз куҷо мехонанд?
— Хоҷа дербоз зери назора гирифтааст ва донад, ки шоҳ Доро ва рафтору кирдораш хуш наояд шоҳи Бохтарро.
— На-а-а, хоҷа, ин ҷо иғвогарие бувад; касе нодуруст расонда хоҷаро…

  1. Ушна – шилм.
пешина
аз 391
навбатӣ