Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— На-на! Ман дар ин хусус бо касе машварат нахоҳам кард, ҷуз шумо. Зеро донам, ки ҳар кас розбон шуда натавонад. Ин илми мураккаб аст. Касоне ҳастанд, ки шунида ва ё донистаашонро ба дигаре нагўянд, кафанд. Дар ин ҷода хеле эҳтиёткор ва зираку доно бояд буд.
— Дуруст мегўед, хоҷа, аммо чӣ гуна метавон шоҳи мулкро бад дид ва ё дар ҳаққи ў носазо гуфт?
— Мо шоҳро бад набинем ва дар ҳаққаш носазо нагўем, – шубҳаи Бесусро бартараф карданӣ шуд хоҷа. – Агар дил сўзад, аз чашми кўр ҳам сиришк резад. Ману шумо фарзандони ин мулк ҳастем. Чӣ гуна шавад, ки бо дасти адаб кишвари номдор ва ободонро ба душман диҳем ва ба харобот бадал кунем? Магар дар шараёни мо хуни шарқӣ ё эронӣ ҷорӣ нест? Магар мо зархаридони юнонӣ ҳастем?
— Ман дилсўзиву меҳру муҳаббати шуморо нисбат ба Ватан мефаҳмам, хоҷа… аммо… аммо чӣ метавон кард, агар боргоҳу дастгоҳ дар ихтиёри шумо набошад?
— Ҷони сухан ин аст, ки мегўед. Агар мо паймон бандем, боргоҳ аз они мо хоҳад шуд… Дастгоҳ низ.
— Ҳммм…
Ҳар ду рў ба омади об амонат нишаста буданд ва бо ҳарос, ки ин замон лағзида ба шат фитода чу пада бар сангҳо бархўрда роғ-роғ мегарданд ва рўд эшонро ба соҳил хоҳад афканд ба сони обовард ё мурда. Баробар танашонро ларза гирифт ва мисли мурғи аз об баромада баробар хешро афшонданд ва хандиданд:
— Сарм аст нафаси об. – Фармуд Бесус.
— Дорои Кудумон ҳахоманишист ё… – он чӣ дар сар дошт, ба забон овард Моҳуй.
— Шумо дигар андеша доштед, чаро чунин пурсидед, хоҷа?
— Зеро ба шоҳони ҳахоманишӣ монанд нест…
— Худашро намедонам, хоҷа, аммо мастиву пастиаш Ардашери Саввум Ваҳукоро монад.
— Андешаҳои ман дар сари шумо, шоҳ…
— Инчунин андешаҳои ман дар сари шумо, хоҷа. Боз як фикр, ки дар сари шумо низ ҳаст, бояд равшан гардад: кист падари Дорои Кудумон?
— Зинҳор бепадар набувад, вале дар шаҷараву силсилаи шоҳони ҳахоманишӣ вуҷуд надорад, магар ки баъд… Зеро тухмаи наринаи оли Ҳахоманишӣ бо писарони Куруши Кабир Камбуҷаву Бардия хотима ёфта буд. Дориюши аввал аз риштаву хуни модарӣ ба сулолаи Ҳахоманишиён пайвандад ва ин дудмон бо Ардашерон баста шуд. Хоҷасарой Боҳуй Аршак ва Дорои Кудумонро аз хешони дури Ҳахоманишиён дониста, ба суди хеш овард…
— Тасодуфист, ки дилаш ба марзу бум насўзад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор