Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Дарёфтед, шоҳи Бохтар… Шумо наздиктар ҳастед ба оли Ҳахоманиш, ки Дорои Кудумон.
Бесус хандид.
— Чӣ ҷойи ханда?
— Хоҷа аз ман шоҳ сохтанӣ чунон ки Боҳуй аз Аршаку Доро.
— Ва чаро на?
— Замин сахт, осмон баланд.
— Ва ҳама мушкилоти гетиро одам осон кунад. Сомонкор инсон аст. Ҳар чӣ хоҳад, он шавад.
— На. Ҳар чӣ парвардигор хоҳад, он шавад.
Бесус ҷунбид ва ғадапул ларзид. Моҳуй гумон кард касе пой ниҳод ба пули ларзон. Инчунин нобарҷо ҷунбидани Бесусро аз парешонӣ дониста нигарист ба атроф; касеро надида, ҳайрон шуд.
Пасон фармуд:
— Донам… донам, ки шоҳе чун Доро хушоянд бувад шоҳи Бохтарро. Зеро аз зери дасти чунин шоҳ раҳойӣ ёфтан осон бошад, аз он ки аз зулми шоҳи ситамгор. Ҷурму гуноҳи Доро аён аст. Чун тухмаву дудмонаш равшан нест, танҳост. Сутури танҳоро гург хўрад.
— То андозае фикри хоҷаро дарёфтам: эшон хоҳанд озод бошанд ва Доро барин шоҳи сустбунёду сустнаҷодро барда набошанд…
— Ба назарам на танҳо хоҷаву Бесус, балки тамоми эрониён аз чунин шоҳи тарсуву ноўҳдабаро безоранд… шоҳ бояд аз дудаву тухмаи шоҳон рўяд; айёми шоҳзодагӣ аз сар гузаронад, таълиму тарбия, сиёсати давлатдорӣ ва марзбониро омўзад.
— Зиҳӣ хоҷаро! Ман низ чунин андеша дорам. Аз кўҳу даман ё аз сари галаву рама шубонеро дошта, оварда бар маснади шоҳӣ нишонанд ва ба сараш тоҷи каёнӣ бимонанд, зарҷома бипўшонанд, магар шоҳ шавад? Ба назари ман чунин шоҳ ҷуз асои шубонӣ бо силоҳи дигаре ҷанг карда натавонад.
— Мулки Порсро чун Бесус шоҳе мебод!
— Ғарази ман чунин набувад!
— Фаҳмидам, шоҳ…
— На! Ғараз ин аст, ки мулки бузургро шоҳи бузург бояд.
— Шарманда ҳастам, агар ман чунин андеша дошта бошам.
— Ин фикри танҳо як хоҷа набувад; ҳатто ҳар сарбози эронӣ чунин андеша дорад. Дуруст, ки ҳамаи онҳо номи шуморо ба забон наоваранд, нияташон ин аст, ки шоҳи сазовор ва ҷонсўз Эронро шоҳ бошад; чун Куруш, чун Дориюш…
— Сахт мушкил аст, хоҷа. Курушу Дориюш дигарбора зода нашаванд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор