Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Оре, ҳеҷ кас дубора зода нашавад. Ҳар кас ба ҷойи хеш.
Эронро шоҳе мебод шердил, палангчангол, на буздил, ки аз зузаи гург бигрезад.
— Дуруст фармудед, хоҷа. Доро на танҳо буздил, раҳмдил низ ҳаст…
— Шуморо аён бувад, ки хислату хўйи шоҳи ҷангӣ дигаргуна бошад: далеру тавоно, ҷасуру шуҷоъ, тановару диловар, тезҳушу тезгўш… Чунин сифату хислатҳоро шоҳи Бохтар дороянд.
— Иғроқу муҳобот кардед, хоҷа. Бо шакар гуфтан даҳон ширин нашавад…
— О бале-е-е! Барои он ки даҳон ширин шавад, бояд бикўшид ва ҷунбид. Баракати даҳон аз даст бувад. Даст ҷунбад, даҳон низ ҷунбад. Вале шоҳи мо танҳо даҳон меҷунбонад. Шоҳони пешин шербас ва варзида буданд. Дорои Кудумон говбас…
— Мебофед-а, хоҷа?
— На! Дуруст мегўям! Имрўзҳо ҳар шаҳрдор шоҳ шуданист:
Ориёбарзан, Набарзан…
— Бесус…
— На! Ў шоҳ шудан нахоҳад… аммо… аммо ўро ба ҳоли худ гузоштан хиёнат ба Эрон бувад.
Магар барфҳои кўҳҳоро офтоб зуб кард, ки рўд дамид; ба ғадапул расид. Миёнаи пули ларзон, ки аз вазни онҳо хам хўрда буд, аз нав тар шуд. Вале онҳо саргарми сўҳбат ин чизро пай намебурданд; ба вижа Моҳуй, ки бештар мехост сатрапи Бохтар Бесусро мот кунад. Бесус бори гарон аз дўши хеш дур андохтанӣ шуда, ҷилави суханро сўйи дигар метофт ва Моҳуй боз ба сари мақсад омада наҳ мезад шоҳ Дорои Саввумро.
— Сипаҳсолор, ки ноўҳдабаро шуд, ҳар сипоҳӣ хешро солори сипоҳ пиндорад.
— Ин масъала саҳл аст, хоҷа. Ва ҳар роҳгузар аз ин боб бо шумо сухан накунад. Шумо розбони шоҳ ҳастед. Агар касе ба шумо ниёз орад, муроде дорад… Ва шоҳ ҳар гоҳ аз маҳрами рози хеш дархост кунад, ки мардум ва сипоҳ ва сардорон ва шаҳрвандон дар ҳаққи малику давлатдории ў чиҳо гўянду чиҳо хоҳанд, хоҷаро зарурат ояд ба рост гуфтан…
— На. Дорои Кудумон чунин одат надорад. Бисёр нишастам бо ў ва боре нашунидам, ки аз ин хусусҳо пурсон шуда бошад.
То имрўз дарку эҳсос накардам, ки ў чӣ андеша дорад ва аз чӣ хусус фикр кунад. Муродаш чист? Магар шумо дар ҷамъомадҳо ва маҷлисҳо пай набурдаед?
— Пай бурдаам, хоҷа. Ягон нуктае намонда, ки надонам; Зиндагиаш тахминиву таваккалӣ, кору бораш ҳам; ҳатто набарду овардаш ҳам.
— Ҳамин тавр, Бесус. Аз рўйи ҳисоб танҳо сарбози пиёда сӣ ҳазор нафар; саф кашад, пеши рўдро бандад. Ин дастаи савораи шумову Ориёбарзан ва шутурсаворон ва пилони ҷангӣ бешумор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор