Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Охир заминро сад раҳ огард заниву донае напошӣ, магар чизе сабз шавад? Замини беҳосилу лашкари пароканда дар шумори мурда бувад… Шумо гумон доред, ки чунин ҳарфҳоро ба шоҳ нагуфтанд? Гуфтанд… Худи шумо низ гуфтед. Магар сухан деворро кора кунад?
— Ман ҳам гуфтам, Ориёбарзан ҳам гуфт…
— Бале-бале… Медонед, маро чӣ гуфт? Гуфт, ки Искандари Мақдуниро аз паси худ то Ҳангаматон оварданӣ шуда рў ба гурез кардам, то юнониён ба Эроншаҳр нарафта, ин ҷониб оянд…
— Донои фанхўр… Искандар чун ў сода аст, ки шораву шорсони беҳтаринро монда, бар асари гўри гурезон равад? Ҳама гуна шоҳи донодил ва лашкаркаши забардаст хоҳад, ки нахуст пойтахт ва хазинаро ба даст орад; он гоҳ шаҳру рустоҳои дастнигар худ аз худ сар хоҳанд фаровард. Вале шоҳи мо чӣ кард?
— Донем чӣ карданашро, Бесус. Бо ў сухан гуфтан ва кўшиши фаҳмонидан кардан суде надорад. Ақлро ба сари касе бо парма ҷой накардаанд.
— Ман нам кашидам, хоҷа.
— Ман низ… Аз завқи сўҳбат либоси тарро пай набурдаем…
— Ҳммм..
— Мадд кашидани шумо хуш аст маро; яке аз нағмаҳои шоҳӣ ин аст, ки ў муттасил сухан накунад, бал бо ишораву садоҳо зердастонро омўхта гардонад; такаббур, ғурур, фарру шукўҳ дошта бошад…
— Ҳммм…
— Шумо шоҳи пухтаву расида ҳастед ва ҳоҷат ба устоде надоред.
— Ҳммм… Андеша бояд кард… вале ҳоло кадоме аз мо бояд роҳ бидиҳад, то об набарадамон… Албатта ман хоҷаро бояд роҳ бидиҳам…
— На, шоҳ, ман шуморо бояд роҳ бидиҳам… Эҳтироми шоҳ фузунтар бувад аз ҳастии хоҷа.
— Агар хоҷа Боҳуй бувад ё Моҳуй, эҳтироми хоҷа зиёд бошад.
— Дар ҳар сурату ҳолат яке бояд пас-пас биравад, дигаре пешпеш…
— Ба қавли шумо шоҳ пас-пас равад ва хоҷа пеш-пеш, – духўра гуфт Бесус ва Моҳуй ду даст ба ғадапул такя гузошта қомат рост кард, вале боз, аз зарурат ё баҳона, хам шуда, чаҳорпо мерафт.
Бо Бесус рў ба рў омад, ки пас-пас мерафт ба думба ва пошна.
Ва яке бозистод:
— На, хоҷа, шумо маро ба ҷое бурданӣ будед ва …
— …ва донистам, ки зарурате надорад…

пешина
аз 391
навбатӣ