Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва чунин хаёлҳо нав ба сари Бесус зад, ки ҳамкорӣ бо хоҷаи олуғда ҳаммонанди он ки нахчир пеши роҳи паланг андохта бошанд: «Подошу кайфар бубарад оқибат». Аз дил гузаронд ва миёни абрўвони сиёҳаш гиреҳ заданд: нишони кина.
Бесус бо умед омада буд, ки ба ҳузури шоҳ дарояд. Чун Моҳуи арвоҳро дучор омад, ки дар бораи шоҳ Доро неку бад гуфт ва нописандонаву ҷангинамо сўйи боргоҳ рафт, ў ошуфтаву парешон бозмонд ва дар ширифт, ки дарояд ё на?…
Ва нусаи аз чанги обу нури офтоб андар рўйи рўдбор камонак шуда диққати Бесусро рабуд, вале ба муроди дилаш ва авзоъаш набуд ин камони ҳафтранг.
Башитоб рафт Моҳуй; гўйӣ барои аз даҳону забони Бесус сухан гирифтан омада буд; он чӣ мехост, дарёфт ва бошитоб рафт, то пушти сухан сард нагардад. Шитобаш аён буд, аммо аз дарвозаи шарқӣ надаромаданаш ҳайратовар. Шахси шитобзада ва ҳадаҳа роҳи наздик ҷўяд, аммо Моҳуй роҳи наздикро монда, дижро гирду давр гашта аз чашми Бесус ғайб зад; чизе нагуфта, анҷоми маслиҳатро муайян накарда, рафт: «Маккор!»
Бесуси парешон назди дарвозаи шарқӣ бозистод. Дергоҳ нохун хоид сархам, вале аз пардадору посбон чизе напурсид. Гом зад зиёд пасу пеш. Нигаҳбоне дарвоза боз карда баромад. Дарозо ба ҳаракати ў нигарист:
— Шоҳ мехоҳанд шуморо!
«Сохтаи Боҳўй бувад» аз дил гузаронд Бесус. Хун ба сараш зад ва чун шери хашмӣ ба ҷанги Моҳуй омода гашт: назди шоҳ чӣ гуфтанашро як бор аз зеҳн гузаронд: «Аз миёни гўрҳои шоҳзодагони ҳахоманишӣ гузашта, арвоҳсурат ба пешвози ман омад; маро ба доми фиреб оварданӣ шуда, сухан оғоз кард ва дар бораи шоҳ ину он гуфт ва…»
… аммо тираш хок хўрд: Моҳуй дар назди шоҳ набуд. Шоҳи сапедпўсти сояхуспи пургўшт Дорои Кудумон на бар маснади
1 шоҳӣ, балки андар дайҳим нишаста буд ва ҳар гоҳ аз болише ба болиш такя мезад, то пойи вазн андохтаашро дам диҳад; баъзан ҳамаи он чаҳор болиштро зери каш оварда паҳлў заданӣ мешуд; дарди поро рафъ кардан мехост. Ва он дарду гаронӣ аз рўзону шабони дароз нишастану айшу ишрат кардан буд; Гўйӣ баъди аз ҷанги Говгомол рў ба гурез оварданаш то ҳанўз рўйи офтобро надида; ранги пўсташ коҳида.
— Ҳммм… – мадд кашид Бесусро дида шоҳ, сар ҷунбонд ва сахт нигарист сўйи ў. Бесус тахмин кард, ки Моҳуй аллакай назди шоҳ омада, сар ба сар воқеаро ҳикоят карда. Шоҳ он чиро пурсид, ки Бесус чашмдор буд:

  1. Дайҳим – тахти чорболиш; тоҷ.
пешина
аз 391
навбатӣ