Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Вале хомўширо чизи дигар шикаст: садои дарро боз кардани дарбон:
— Хоҷа Моҳуй мепурсанд: дароянд ё на?
Шоҳ бо сар ишораи ризоият дод. Ҳар ду сар боло гирифтанд ва чеҳра кушоданд. Аммо баробари аз дар ворид гаштан чеҳраи Моҳуй гирифт. Бесусро назди шоҳ дида сурат гашт ва ранги рўяш канд: «Яқин сар ба сар гуфт қиссаро…» аз дил гузаронд ва наёрист пеш омадан. Хомўшии Дорову Бесусро дида дар шигифт монд ва сахту бад нигарист сўйи Бесус.
Шоҳ аз чунин саҳна дар ҳайрат монд; ба хоҷа нигаристу ба Бесус, ба Бесус нигаристу ба хоҷа. Аммо чизе дарку дарёфт накард.
Бесус дарёфт, ки Моҳуй гумони бад дорад. Ноаён сар ҷунбонд, то хоҷа фаҳмад, ки аз сўҳбати рўйи рўд чизе нагуфта… Лек хоҷа гирифтори андешаҳои мағшуши хеш ба ҳеҷ гуна ишораву ҳаракатҳо сарфаҳм нарафт. Дар сари ў як андеша буд: «Ин бохтарӣ маро фурўхт…»
— Дарёфтам, ки дар ҳаққи мо бадгумониҳо шуда, – пеши обро бастанӣ ё банди онро кушоданӣ шуда чунин фармуд Моҳуй.
— На хоҷа, бадгумонӣ на, бадгўйӣ… – гуфт бо тамкин шоҳ.
— Чӣ гуна? – осема пеш омад хоҷа чун розбони роз ҳувайдо сохта. Ва шоҳ аз рўйи фаросот чизеро пай бурда фармуд:
— Рўйи рўдбор чиҳо гузашт?
— Чиҳо гузашт? – баддилу бадният сўйи Бесус нигариста пурси шоҳро такрор кард. Бесус боз сар ҷунбонд ва Моҳўй маънӣ кашида посух дод шоҳро: — Чизе нагузашта, шоҳам. Ў гуфт, ман гуфтам; ман гуфтам, ў гуфт. Ва…
— Ва чӣ гуфтиву чӣ гуфт?
— Гуфтам: «Умри шоҳ дароз бод!» Гуфт: «Инчунин бодо!»
Гуфт: «Шоҳ бедорбахту пирўз бод!» Гуфтам: «Инчунин бодо!»
— Ҳммм… Забонатон якест, балое бувад…
Моҳуй донист, ки миёни шоҳу Бесус дар хусуси ў ҳарфе нагузашта, вале дилаш гувоҳӣ медод, ки чизе ҳаст; як қатра сиёҳие, ки ба баҳри дилаш чакида, паҳн гардад ва рўйи оби мусаффоро тира гардонад; дар сараш ҳам меғи тира гардад, дар андарунаш низ сар кашида, сари сина, роҳи нафас ва гўшу пеши чашмро гирад.
Пештар омад, зону зад:
— Шоҳо! Бесуси ҷавонмард ситоиш шуморо кард; дилсўзу ғамхор низ буд: «Мо муттаҳид нестем, ҳар кас ба мурдаи худ гиряд; аз ин рў шоҳро вазнину сангин бувад» гуфт…
— Оре, хоҷа, инро Бесус ба ман гуфт… Чунон гуфт, ки ҳама айб бар гардани шоҳ афтод.
— Шояд нозгунҷӣ карда бошад?
— Пўзиш аз шоҳ: ман нагуфтаам, ки ҷурми шоҳ; гуфтам, ки шоҳ танҳоянд… Шаҳрдору волиён дар ғами ҷони хеш; шоҳро ёру ёвар нестанд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор