Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Шумо маро ёру ёвар набошед, сарбозони зархарид хиёнат кунанд, пас чӣ гуна пирўзӣ насиби мо гардад?
Моҳуй ва Бесус сўйи якдигар нигаристанд, ки шоҳ суханро созгор ба ақлу суди хеш фаҳмид, дигар андешаву ниятҳоро як сў гузошта, масъалаи танҳоиро пеш овард:
— Шахси танҳо дар ду саро коре сомон карда натавонад.
Чун он ду тан дар андешаи илоҷи кори хеш буданд, шоҳ афзуд:
— Ҳммм… Шумо андак-мандак нестед; аз онҳое низ наед, ки об дар ҷигар надошта бошанд. Аз хумдони пухта баромадаед ва обатонро пуф карда хуред… Лаҳзае пештар илқо мекардед, ки аз бардаҳо раҳо ёбем: «сарашону равғанашон» гўем… Лек мебинам, ки ҳама масъулият ва ҷавобгариро бар дўши ман бор кунед….
— На-на, шоҳаншоҳ! – дудаста зар-ҷомаи ўро соида гуфт Моҳуй: — Ин тавр на! Мо ҳеҷ гоҳ гуноҳ ва бори гаронро бар дўши шоҳ нахоҳем афканд. Баъзан аз дилсўзӣ ва эҳтироми шоҳу ҳаяҷони зиёд кас чӣ гуфтанро намедонад.
— Дили шумо ба чӣ сўзад?
— Дили мо ба чиз насўзад. Ба шоҳ сўзад, ба ватан сўзад, ба миллат сўзад, чунон ки дили шоҳ.
— Зиҳӣ! Зиҳӣ дилсўзони шоҳро! Зиҳӣ дилсўзони ватанро! Зиҳӣ дилсўзони миллатро… Баҳ-баҳ! Бесус аз ин ғам озод!
— Чӣ гуна?
— Сухан аз миллату кишвари Порс равад! Бесус бохтарист!
Чунон хомўшӣ шуд, ки садои шоҳ дар ҳама шишаву тунукаҳо ва лаълиҳои мисиву зарин зуза дошт ва ин садои ногаҳонӣ, беақлона, беандешагона ва душманонаро ҷуз Бесус касе на мешунид ва на ҳазму ҳамл мекард:
«Девона гўйӣ, девона на, боақл гўйӣ, боақл на. Дўст гўйӣ, дўст на, сипоҳ гўйӣ, сипоҳ на! Кист?»
— Бар замми ин мо бояд дўстро аз душман фарқ карда тавонем, шоҳ!
— Ин илмро то ҳанўз касе азбар карда натавонистааст, хоҷа
– ахта! Душманӣ кирмест, ки аз худи дарахт рўйида онро хушк гардонад.
«Шоҳ чандон беақл набувад, ки мо пиндорем.»
— Гуфтаҳои шоҳ бо фармудаҳои Зартушт рост ояд, – фармуд Моҳуй ва Бесус аз гуфтаҳои танҳо ба танҳои рўйи ғада шармида гоме пас гузошт. Андешид ба худ: «Моҳуй дуруст рафтор кунад:
шоҳи камақлу бехирадро бояд сутуд; чунон ки пиндорад дар олам донотар аз ў касе набувад.»
— Зартушт «Авесто» – ро аз гуфтаҳои мўъбадон ва таҷрибаву гузаштаи чунин шоҳони бохирад гирду фаро овард.
— То имрўз сухан дигаргуна буд: аз гуфтаву фармудаи сарвари доно Аҳура Маздо медонистанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор