Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Оре, шоҳ! «Авесто» китоби Худост, ки Зартуштро фиристода ва аввалин китоби пайғамбарист. Зартушти оташпараст ҳар сухани Аҳура Маздоро бо зар навишт. Нахусткитоби башар…
— Хуш фармудӣ, хоҷа: нахусткитоб. Аз аҳди худои Зарвон ва муборизаи фарзандони ў – Ҳурмузду Аҳриман то рўзи Аҷал
– набарди торикиву равшанӣ боқӣ хоҳад монд.
— Оре, шоҳ! Китоби қиссаи шоҳон, кеши неку бад, ҳалолу ҳаром, подошу подафраи савобу гуноҳ…, ки душмани оламсўзи шумо Искандари Мақдунӣ сўхташ.
— Хоҷа пиндорад, ки шоҳон аз аҳли китоб набошанд, аз ин рў ҳар чиз гўяд моро росту дурўғ.
— Шоҳо, чӣ дурўғе гуфтам?
— Дурўғат он аст, ки дилат дигар чиз гўяд, забонат чизи дигар…
Моҳуй нигарист ба Бесус, ки он чӣ дар ҳаққи шоҳ гуфтему пиндоштем, хато баромад. Бесус ба ишораи чашм тасдиқ кард:
«Дуруст.»
— Ҳммм… – беқарор буд шоҳ ва ангушт мушт мекарду меафшурд ва ҷилои зарҷомаи мурассаъ ба зару зевар хаёлашро парешон кард. – Ҳммм… Чӣ бояд кард?
— Рухсат бидиҳед моро ва фароғат бикунед, – андешаҳои пешинро фаромўш карда ва авзоъи нобоби шоҳро пай бурда фармуд Бесус.
Шоҳ заҳрханда кард ва ханда ба ғазаб бадал кард:
— На! Шумо аз ин ҷо зинда нахоҳед баромад!
— Ҷурмамон чист, шоҳи адолатпаноҳ? – хоҷа ба пойи шоҳ афтода пурсид.
— Ҷурми шуморо танҳо теғи ҷаллод муайян хоҳад кард…
– ончунон ҷиддӣ гуфт, ки аз дасти ў раҳойӣ набуда бошад.
Моҳуй сахт теғи нигоҳ кашид сўйи Бесус. Бохтарӣ китфон дарҳам кашид, то беҷурмии хешро фаҳмонад:
— Нафаҳмидам гуноҳамонро.
— Хоҳӣ фаҳмид… Магар ту нагуфтӣ? «Агар шоҳу сипаҳ-солор чунинанд, Искандар то Суғд хоҳад расид.»
— Оре, чунин бошад.
— Нагуфтӣ, ки «Бесус ватанашро чун Спитамони суғдӣ дўст хоҳад дошт»?!
— Оре, гуфтам.
— На-а-а… «Бесус ватанашро дўст надорад; таъна бар шоҳ заданро дўст дорад» гуфта будам. Агар Бесус ватанашро дўст дошта буд, ҳамчун сипаҳсолор ҷонбагарав Порсро ҳимоя карда буд; пеш аз шоҳ роҳи гурезро напазируфта буд. Ватанпарастиро Худованд ба ҳар кас насиб нагардонад. Ватанхоҳу ватанпараст касест, ки дили шерона дорад. Бо ҳавои даҳан ва даҳмардагўйӣ буми хешро парастида нашавад ва ҳатто дўст доштан имкон надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор