Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Онҳое, ки дар лофу газоф ватанро дўст медоранд, ба як пули пуччак хоҳанд фурўхт; инҷур касон беватананд…
Шоҳ Доро андаке бозмонд аз сухан, то онҳо чӣ фармоянд.
Онон, ки сухани зинда аз ин ҷо набаромаданашонро пеш оварда буд, шустадаст аз ҳаёт сукут меварзиданд, то чӣ пеш ояд. Шояд шоҳ гуфта-гуфта аз аспи ғазаб пиёда гардад:
— Оё боре андешидаед, ки Ватан чун шумо касонро дўст дорад ё на? Ҷанозаву наъшаи шуморо дар оғўш гирад ё на? … Чаро забонатонро фурў бурдед?
— Он чӣ шоҳ донанду гўянд, раво бошад! – сар бар замин зада фармуд Моҳуй.
— Ватанамро ҳифзу дифоъ хоҳам кард! Ҳамроҳи шумо на!
Ҳамроҳи хуросониҳо – мовароуннаҳриҳо! Ҳамроҳи суғдиҳо! Ҳамроҳи бохтариҳо!
— Бохтариҳо дар хидмати шоҳанд, – низ сар ба замин зада гуфт Бесус, то аз боргоҳ зинда бароянд.
Вале Дорои Саввум, ки хумори бода аз сар рафта ҳушёр гашта буд, ба суханони онҳо ва сар ба замин заданҳояшон бовар надошт. Сар меафшонду мадд мекашид, ки ҳама рафтору кирдорашон найранг бувад.
— Маро зиёд таънаҳо задед андар ҳузуру ғайбам. Ман некдил ҳастам, ҳатто душманро бадӣ раво надорам ва шуморо ба худои Аҳура Маздо супорам.
Ҳанўз ки сари онҳо чун сари қўчҳои дар тамузи тобистон варамидаву ҷўшида хам ба замин буд, аз шунидани чунин ҳарф ҷон гирифта дамиданд ва сар бардошта сўйи шоҳ нигаристанд бо сипос. Ва Доро ба назарашон чунон болову баланд тофт, ки фариштагони болдор миёни Осмону Замин бардошта, муаллақ нигоҳ медошта бошанд. Танҳо ин лаҳза дарку дарёфт карданд, ки Доро монанд аст шоҳро. Оҳиста-оҳиста сар баланд гирифта ва қомат афрошта диданд, ки шоҳони ҳахоманиширо ёд оварад ин марди некдили танҳо.
— Ҳама бояд бидонанд; Моҳуй ва Бесус бавижа, ки Дорои Саввум дудаву дудмон дорад; аз наҷоду тухмаи ҳахоманишиҳо…
Аҷаб он аст, ки кас надонад, ҳатто шоҳ надонад, ки Бесус кизода?
Моҳуй аз кадом дудмон бувад? Олу авлодаш ба куҷо дакка хўрад ва то куҷо расад. Бесус нишондаи шоҳ бар тахти Бохтар аст; фардо бо тахту бахташ метавонад набошад…
— Оре, шоҳ! – қомат бардошта тасдиқ кард Бесус ва кинаи сахт дар дил гирифт, ки мурданро ҳам наандешид:
— Оре шоҳ, ҳеҷ тахту бахт абадӣ набувад, з-ин дори фано силсиладорон якояк бишаванд; фақат некиҳо боқӣ монанд ба сони некиҳои Дорои Саввум.
— Ҳммм…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор