Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Таърих шоҳеро ёд надорад ҳаммонанди Дорои Саввум, ки ба душмани хеш низ тараҳҳум карда бошад. Ҳарчанд ин ситамгорист.
— Чӣ гуна?! – шўрид шоҳ.
— Тараҳҳум бар душман ситамгорӣ бувад хештанро.
— Ҳамин тавр ҳам шуд: ман тараҳҳум кардам душманро. Давлату дунёиро бахшидам ба ў… Вале шумо куҷо будед? Чаро шумо дар оташ сўхтани қасру кўшкро тамошо кардед, оташро фурў нишондан нахостед? Баъди сўхта хокистар гаштан лофу газоф занед, таъна кунед, сафсата фурўшед. Ҳар куҷо, ки шоҳ буд, шумо низ будед; ҳар гуноҳ, ки аз шоҳ рух зад, аз шумо низ рух зад.
Истахрро гўё ман ба душман тўҳфа кардам; хазина хостаи шоҳ адўро буд; Эронро, Тахти Ҷамро гўё Доро ба Искандар бахшид…
дигарон низ буданд! Ҳамин тавр? Хулосаи шумо чунин аст? Аз ин рў таънаҳо бар ман занед?
— Касе шоҳро дар ин хусусҳо айбдор накарда ва таъна назада. Ватанро артиши миллии шоҳ бояд ҳимоя бикунад, на шоҳ!
Сипаҳсолору сипоҳ бояд ҷонбозу ҷоннисор бошанд, на шоҳ!
— Ва шумо аз ҳаво сухан гўед, – ба ҳарфи Моҳуй эътибор надода андешаашро идома дод шоҳ. – Танҳо андешаи ман порсӣ набувад! Вуҷудам, ҳастиам, хунам порсист!
— Шак набувад ба ин… Ҳамаи ин чизҳо равшантар аз рўз бувад. Аммо домони уфуқ гурезон аст; ҳар қадар ба он наздик гардед, дуртар хоҳад рафт. Бояд ояндаи Машриқзаминро муайян созем.
– Бо андеша ва солорона сухан кард Бесус ва Дорои Кудумон ба хаёл рафт. Пасон соате пеш ба Бесус гуфтаашро такрор кард:
— Ба Хуросони Бузург бояд рафт! – чун шоҳ мушт бар сар дирафшосо баланд кард, ҳоҷат ба баҳсу талош набуд.
БАНДИ ПАНҶУМ
Наздики иди ҷамшедии Наврўз шоҳ Дорои Саввум бодахориро қатъ кард. На аз он ки май ба дилаш зада, ғарора мекардагӣ шуда буд, балки таънаву маломати зиёд шунида аз табору дурону наздикон; бештар аз он ки баъди хоб зери чашмонаш халта гашта, пучак ё заҳдони барраеро ёд меовард; диққати ҳар бинандаро шигифтомез мебурд ба ҳазор андеша: «Магар тоҷвар то ҷое беақл бувад, ки суду зиёни хешро надонад?» ва суд надошт ҳарфи зиёд.
Ҳар кӣ сухан аз бодахорӣ гўяд ва шоҳро дил сўзад, шум ва бади бало метофт ба назари ў. «Аз ҳасад ва хусумат бошад» мегуфт ва зиёдтар айшу нўш мекард: «Ба осмон равӣ, аз поят кашанд, ба чоҳ афтӣ, бар фарқат зананд.» Аз рўзи аввал чунин буд фикраш.
Баъзан сари мастӣ қоил меомад: «Баччаи Одамро бовар кардан бузургтарин хатост.» Ва нўш дошт аз алам, ки дар олам инсони нек кам бувад ва ҳама хиёнат кунанд ба якдигар; дар миён бинӣ набошад, як чашм чашми дигарро кофта хўрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор