Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар аз дасташон наояд бадиву хиёнат кардан, фикран хиёнат кунанд. Се тан ҳамгўша, яке аз онҳо ҷудо гардад, ду тан ғайбат кунанд; аз ин ду яке бо аввала ҳамнишин гардад, саввумиро ғайбат кунанд; ду тан ғайбатшуда як ҷо шаванд, ғайбатгари нахустро ғайбат кунанд…ва ғайбат гирдгардон миёни се тан; миёни сесад тан, се ҳазор тан, се миллион тан, се миллиарду ан тан… ҳамин тавр вайрониҳо шавад миёни одаму олам… Ва гуфтанҳо ва оварданҳо ва расонданҳо ва шуниданҳо оқибат кора кард шоҳро; чунон ки чакра-чакра об аз баландӣ чакида сангро комаву суфта кунад, сухан таъсир расонд ўро. Ва паймон кард бо худ, нахўрад шароб.
Рангаш тоза шуд; халтаи зери чашмонаш пучу ҳамвор гашт… ва аммо шаборўз ба сар меомад андешаи зиёд. Роҳи барҳам задани онро намедонист. Танаш ланҷу фаҳўл буд ва майл ба канизакони лоларух надошт; майл ба чизе надошт. Гўйӣ бўйи завол ба машомаш расида, андешаманд гашта буд; андешае, ки илоҷи воқеа аз дасти инсон намеомада бошад. Сухан намегуфт, орому хомўш ва сархам мегашту менишаст, ки ба валу вайрон гаштани саройи куҳан сабабгор бошад. Бори гарони гетӣ бор бар дўшаш шуд ва китфонашро хамхўрда пиндошт, ки колои сангинро бардошта натавонад. Гоҳ-гоҳ чун мурғи аз об баромада китфак мезад, хештанро афшонда ба худ меомад. Дунёи ҳастӣ бемаънӣ метофташ; барои хўрдану ридан ба дунё меоянд касон: «Нааа… Ин зиндагӣ набувад, мурдагӣ бувад… Вале касеро дучор нашудам, ки зистан нахоҳад. Ҳатто ҳайвонҳо аз мурдан тарсанд ва зистан хоҳанд; ба назар чун одам ба хотири луқмае. Ширин донанд зиндагиро; шалу кўру кару гунгон низ; бехирадон, ақлбохтагон бешуурон низ ҳам, ки рўзгор чизе дорад. Зиндагӣ моҳигир аст, ба хотири кирми сари шаст касро аз даҳонаш аҷал андозад. Аммо онон пиндоранд, ки ширин бувад зиндагӣ. Шоҳ ҳам зистан хоҳад, гадо ҳам… Сари назъи ҷон ҳам зистанро авло донад. Бо вуҷуди ранҷу шиканҷаву азоби гаронаш ҳаёт хубтарин неъмати рўйи Замин тобад… Агар чунин набуд, одам дигареро кушта зиндагӣ кардан намехост; ҳамонеро, ки низ зиндагӣ барояш ширин буд ва умр ба сар бурданӣ буд. Танҳо дунёбезорони костаақл ширинии рўзгорро пай набурда худкушӣ мекунанд ва кўтоҳақлони дигар худро ва таборро тасаллӣ медиҳанд: «Раҳид».
Ё Аҳура Маздо! Танҳо ту донӣ, ки натавонистам нигоҳ кардан ба афкандаҳои рўзгор; ба оне, ки сар ҷудо, тан ҷудо, даст ҷудо, пой ҷудо ҷонбозӣ дошт андар овардгоҳ. Инро ба кӣ гўям? Ба кӣ?!…
Сабаби фирори маро бо ҳар чиз андозаву тахмин кунанд, аммо сабабашро ту дониву ман, Аҳура Маздои бузург! Ту коштӣ тухми чунин шафқатро андар замири ман! Агар маро шўрида, тундхў, тезсар, бераҳм, нокас, ноҷавонмард сохта будӣ, ба сари ҳар кас мешўридам, беамон сар аз тан ҷудо мекардам. Фармудӣ: «Бадном ба раҳмдилӣ бош, на ба сангдилӣ; на ба саргирӣ!»

пешина
аз 391
навбатӣ