Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инчунин гаштам. Сифатҳое, ки маро бахшидӣ, чандон созгор набуда бо замона. Баъди набардҳо равшан гашт, ки ё гев бояд буд ё дев. То хуни адолат ва раҳму шафқат набошад андар шарёни ту… Баъди он ки чун Заҳҳоки морон Боҳуи бадкорро куштан фармудам, паймон карда будам, ки одам накушам, зеро бисёр бад бувад одам куштан; ҳатто душманро куштан… Ва ман пиндошта будам баъди марги Заҳҳоку Боҳуй бадиро пок кардам андар набардгоҳи некиву бадӣ. Вале чун дидам, ки андар корзор куштаҳо пушта шуданд, натавонистам истодан. Бозгардонидам сарафсор, то дигар ҷон нагардад беҷон. Ва оварду овехт дур шуд аз хунам. Ном гирифтам ба нотавонӣ. Ҳамон тухме, ки дар марзи дилам кишта будӣ, сабз гашт: «Нотавонӣ хубтар аз хунхорӣ!» Шоҳи оқил ҳеҷ гоҳ наҷангад, вале ба дифои ватан бархезад. Чунон ки Зартушт фармуда сифатҳо дар ду кафи мизон вазн андозанд ҳамчун неку бад, шоҳон низ пахш кунанд ду чашми тарозуро. Ҳама чиз ҷуфти хешро доштааст ё ба некӣ ё ба бадӣ. Ҳатто ин ҷаҳон он ҷаҳонро дорад чун шабу рўз – сиёҳу сапед. Худовандо, ба жарфи ин дунё касе нарасида, ки ман расам. Беҳуда бувад сар шикастан; ҳатто ононро, ки хештанро коҳину ҳакиму доно метарошанд. Ду чиз бувад ё ду амал бувад: омадану рафтан. Омада илоҷи нарафтан надорад. Зеро ў барои рафтан ояд… Ва дигар ҳама андар арафот рух хоҳад дод. Зеро арафот пулест чинвод; ноустувор ва ларзон ва мисли хирбор чашмҳои зиёд дорад; безаду резад ҳамаро…
Худовандо, онҳое ба ном доно манвор ба сар ҳар гуна хаёл парваранд ва хешро олим, ҳакиму тавоно пеш оваранд…. Худовандо!
Магар буда касе, то ин тарту мартҳо, кашу пархошҳо, дунёдориҳо, дунёхориҳо, зарҷўйиҳо, кишварҷўйиҳо, марзхоҳиҳо, куштору сўхторҳо ва ҳатто айшу нўшу хунҷа заданҳоро барбеҳуда надониста бошад? Буда шоҳе, ки розӣ рафта аз ин дунё ва аз Худои худ боз чанд рўзи дигар умр наталабида бошад? Танҳо бечорагон, азияткашидагон уқубатдидагон ва берўзиҳо талаб кардаанд аз ту:
«Худоё, азоби ҷонканданро осон бикун! Ҷонамро зудтар бигир!»
Ай Аҳура Маздои бузург, пўзиш аз ту… надонам аз куҷо ба сар омад чунин андешаҳо…»
Ба худ омад, ки девонагӣ дорад: муҳиббони Худо бо ў гўфтугўй кунанд, вале шоҳ Доро аз бефаҳмиву васвосӣ гуфтугў кунад бо Худо ва ё дар андарунаш каси дигар бувад. Одами танҳо рўйи ниёз орад ба Ў ва дасти дуо кушояд: «Пўзиш аз ту, сарвари доно!»
Ба худ омад ва дарёфт, ки ҳама наздикон рафта, ҳама чиз низ аз даст рафта, ҳатто бодахорӣ. Ҷуз ройзанӣ, панду андарз ва таънаву маломат чизе нашунавад. Ёру ёварон ва «дўстон» норасоиҳояшро сарзаниш кунанд, вале ў надонад, ки садои кист? Инчунин надонад, ки худи ў кист? Шоҳ бувад ё хўса? Пеши онон муттаҳам ва пургуноҳ тобад; сар хам дорад ва андар танҳойӣ ба андеша равад.

пешина
аз 391
навбатӣ