Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Бо гуфту таънаи онҳо бодахориро тарк кардам; эҳсос шавад, ки ман наям ман. Худ бегонаам хештанро. Дунё нофор ва хуши онҳоро сарзаниш кардан нест. Маслаҳат дўстона набувад, душманона бувад. Агар ниголи ман бода бошад ва равонам низ, чӣ бояд бикунам? Гўл зананд маро дўстону ёрон. Ай «дўстон!» Ман, ки ба шумо кор надорам, дар шиками шумо бода нахорам… Аз мастиву пастии ман шумо масту паст нагардед. Чӣ кор доред бо ман? Ба ҷойи он ки ман шуморо бозпурс кунам, шумо маро дасту даҳон бастаед… Чунон маслаҳат, чунон андарз, ки қисмати Порсу сарнавишти шоҳи Порс созгор бо бода хўрдан ва ё нахўрдани ман бошад… Ай ҷаҳонсолор, ай додор, пўзиш аз ту!»
Беқарор гашт шоҳ Доро. Пинҳонӣ аз ҳама ҷомаву шораи кадхудойӣ аз бару сар афканда, қабои кадеварӣ гирифт, то барояд аз боргоҳ, биравад ба саҳро, нигарад ба ҳоли кадеварону сутурбонон.
Вале чун пардадорро фармони сахту қатъӣ дода буд, худдорӣ кард, то аз пурсуҷўйҳои ҳоҷиб асрор нагардад ҳувайдо. Бозмонд ва ба хаёлу андешаҳо рафт: «Чаро Ориёбарзану Набарзану Бесус ва ҳатто Моҳуй ҳама бо як забон ҳарф зананд бо ман? Суханонашон зидди андешаҳои шоҳ. Чунон сўҳбат кунанд, ки фиристодаи Искандар бошанд… Эй ноасилон, шоҳи Порс намурда!»
Доро бадар нарафт аз боргоҳ, бал як шаборўз андар кирёс маъво гирифт ва рўй касеро нанамуд. Ҳатто парҳез аз нўшу хўр кард ва онҳое, ки ҳолпурсӣ омада, ўро намедиданд, пиндоштанд, шоҳ фирор карда. Вале чун асби ў, дастҷомаи ў, гардунаву камону шамшеру сипар ва гурзу кўполашро барҷой медиданд, шоҳро буда донистанд. Аз пайи ҷустуҷўи шоҳ шуданд.
Шоҳ дигар чиз мехост, чизи дигар рў ба рў омад андар танҳойӣ.
Андар ҳарами хоса, ки қасдан торик гардонида буд, то чизе ба чашмаш нанамояд ва садое шунида нашавад: «Гўр чунин бошад?»
Пурсид аз хеш ва посухе нагирифта, сар андохт: «Ҳама шоҳаншоҳони Порс ҳолиё чунин ҳол доранд… Ё хубтар аз ҳоли ман?
Гумон мекунам, хубтар. Зеро онон бо ному нишон рафтанд; ҳатто онҳое, ки аз дасти Боҳуи маккор афканда шуданд, номи нек доранд… Аммо ман дар зиндагӣ мурда шудам… Кори ҷаҳон чунин буда: аз дасти ҷумла мардум коре наояд, шоҳ айбдор бошад; акси калла ба шўрбо занад: «Шоҳ натавонист, аз дасташ коре наёмад гўянд. Ҳолиё чунин шоҳи ноўҳдабро манам. Шоҳе ки ҷону тану зўрашро як ҷо карда, аз ин ҷо то соҳили шати Граника рафта, ҷангид барои номусу нанг, барои зинда доштани номи шоҳони Порс ва пойдории мулки Эрон, ҳайҳот… ноомадиву нобарории овард ба бадномӣ гашт. Ман бояд ба кирдорҳои шоҳони Порс, бавижа ба тартумартҳои Хишоёршоҳ, ки андар Отини Юнон карда буд, ҷавоб гўям. Бурзу болои маро бо оршини дигарон чен кардан чӣ маънӣ дорад? Арзанро гунҷишк бихўрад, калтакро вартиш. Агар санги гарон бар сари ман бор шуда, чаро новежагон маро бегона ба тухмаву дудмони Ҳахоманишиён донанд?

пешина
аз 391
навбатӣ