Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чаро ман бозёфти вазири маккор Боҳуй бошам? Ман шоҳам! Шоҳи Эрон! Аз дудаи шоҳони ҳахоманишӣ… Дорои Саввум! Зеро касе ёд надорад, ки дар аҳди ҳахоманишиҳо новежагон ҳоким шуда бошанд андар арманиё… Бохти пархошҳо равшан, аммо сабабаш торик. Гўянд: «аз хиёнати сарбозони кироя». Шояд…
Аммо артиши Порс куҷо шуд?… Баҳона… Ба куни гўзин орди ҷав баҳона… Ба гуфти муддаъиён ман хомӣ кардам; аҳамияту эътибор надодам…Зеро (ба гуфти онҳо) ватанро дўст надорам…
Ҳммм… Пас ман модарамро дўст надорам. Зану фарзандамро дўст надорам… Чун? Ва чаро? Барои он ки бар ивази модару зану фарзанд ватанро нафурўхтам? Ватанро аз онҳо боло гузоштам?
Шарти Искандарро напазируфтам? … Пас ман кӣ ҳастам? Ватанпараст? Ватанфурўш? Хоин? Дўстдори Эрон ё душмани Эрон?
Кистам? Кӣ посух гўяд ба чунин пурс?… Магар ман пеш аз ҷанг майпарасту бодахор будам? Вазъият ва зарурат маро шаробхора кард, то нодидаву ношунида гирам ҳама кирдорҳои ношоистаро. Онон ҷурми носавоби хешро надониста, гумон аз ман баранд ва айбро бар сари ман бор кунанд, ки айёшам... Ҳммм... Мурдан ё зистан дар ихтиёри худи худ набудааст. Кас зинда бувад, зану фарзанд пайдо кардан ва ватан ёфтан кори саҳл бошад, вале модари рафтаро, бо мижгон чоҳ канӣ ҳам, баргардонида натавонӣ.
Модари ҷавон дубора фарзанд биёбад, аммо пиру ҷавон дубора модар наёбад… Пас ман ба қадри ҳеҷ кас нарасидам, ҳеҷ чизро қадр карда натавонистам. Ҳммм… Мазмун: дигарон ба қадри ҳама касу ҳама чиз расида тавонистанд. Аз ин рў таънаҳо зананд маро; маломат кунанд… Шояд… Вале ман натавонистам ва ё надонистам… Эрон ҳама шоҳони ҳахоманиширо азиз буд ва арҷманд хоҳад буд… Вале вазирону шаҳрдору волиёнро чун бувад?»
Посух наёфт пурси хешро ва дар торикии кирёс боз ба андеша рафт. Модару зану фарзанди азизаш пеши назар омаданд ва нақш бастанд чун дар оина, ки равшан шуд. Сокиту ором буданд. Ба назар аз қаър метофтанд, ки пурсу посух кардан имкон надошта бошад. На, дур на. Рў ба рў, вале хеле ғазабнок ва сахт кина доранд. Гила карданӣ, аммо забонашон намегардад; дилмонда аз шоҳ. Баъд тунд менигаранд, нафрин низ доранд… Шоҳ дарку дарёфт мекунад, вале чизе гуфта наметавонад; забонаш гирифта; шарманда низ. Рўяш дуд мекунад ва наёрад чизе гуфтан.
Статира пиндошт, ки ҳаққу ҳуқуқаш ба шоҳ зиёдтар аст, аз ғазаб фаромад ва меҳрубонона ба ў хандид. Ҳайрон шуд шоҳ. Хешро афшонд. Якбора сарм гашт аз чунин рух задани ҳол: «Дурўғ будааст марги Статира». Ва бо тааҷҷуб сўйи модару писар нигарист ва бо даст ба Статира ишора кард: «Зинда… Чаро хабари мурди ўро оварданд? Бубинед, механдад! Ё заҳрханда дорад? Аз барои чӣ?»
Чун посух аз модар наомад, рў ба худи Статира овард: «Статира, туро нозинда гуфтанд, бовар накардам.

пешина
аз 391
навбатӣ