Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳатто дар чашмам ашк наомад. Шояд аз барои он ки бовар накарда будам ва ё сурат гашта будам. Тан доштаму чашм доштам, аммо рўҳам рафта буд…
Ҳолиё ман хештанро гўр офаридам; гўри торик. Вале ҳайронам, ки чаро шумо пайдо шудед дар чунин ҷойи танг? Ин гўр танҳо марост; мани пургуноҳ бояд тагтар, фурўтар бошам, то чеҳраи касе набинам; то рўйи маро набинанд… Аммо мо дар чунин гўри танг ба дидор расидем… Статира, чаро ҳарфе намегўйӣ? Ман ба хотири ту ба ин гўри тангу тор омадам. Маро оварданд, ки ту ин ҷо маъво гирифтайӣ; азобу шиканҷаи сахт дорӣ аз танҳойӣ.
Касе ба додат нарасад; ба худ печиву фарёд занӣ баландтар…
баландтар… боз баландтар! Аммо хоки сиёҳ намеполояд овозатро ва ба гўши касе намерасад. Мисли он арўсак, ки мурда дониста гўронида буданд ва баъди се рўз гўрковҳо садое аз гўр шунида, то соҳибонро пайдо карда, хабар расонида, гўрро кофтанд, ки андаке пеш аз тарс сиёҳ гашта дубора мурдааст; мурдааш ҳоло гарм. Магар ту низ зиндадаргўр шудӣ, Статира? … Хомўш мабош!
Чизе бигўй! Ба ҳаққи Аҳура Маздои бузург чизе бигўй!»
Статира фарохтар табассум кард ва лабонаш во гашта дандонҳои симзадааш тофтанд; гўри торикро равшан карданд. Рўяш хубтар намуд. Шоҳ низ табассум кард сўйи малика, аммо тағйироте дар симои Статира пайдо нашуд. «Набинад маро.» Чеҳраи шоҳ дигаргун гашт ва сохта будани рафтори ўро дарёфт ва донист, ки масхара низ кунад. «Статира, ман донам, ки хабари марги туро қасдан расониданд маро, то донанд, ки дилам ба ту сўзад ё на?
Аз чашми кўри ман ашки хунин полад ё на? Ҳарчанд дилам бисўзид, чашми кўрам ашк наполид. Зеро медонистам, ки ту набояд бимирӣ! Ту бояд фарзандеро ба дунё орӣ, ки ҷаҳонсолор шавад; соҳиби Эрон гардад.» Статира фарохтар лаб кушод то баногўш ва шаклаш дигар шуд: бегона, бадрў, кинавар. Шоҳ ҳаросид ва қадаме пас гузошт.
Статира низ чун ситораи паррон ба қаъри зулмотобод фурў рафт. Пардаи тира сўрох гашту боз чун пардаи оби сангхўрда ҳамвор гашт. Хомўшӣ ба миён омад. Шоҳ пиндошт, ки кирдорҳо дар он дунё ба вуқўъ пайваста. Монанд ба андешаву пиндори ў аз қаъри дур ё аз ғори торик, аз паси пардаи сиёҳ се ҷуфт чашми фурўзон падид омаданд ва ба косаҳои ғазаб бадал гаштанд.
Ҳаросид ў аз чашмони пурхуни бузург, миёна ва кўчак, ки гўйӣ сурхиаш пардаи зулмот дарида ахтарона дурахшид. Боз пас-пас рафт омода ба гурез гашта; чунон ки гоҳи фирор аз корзор ҳамин ҳолатро дошт. Бояд ҷон бираҳонад аз бало. Садо омад аз ғори бетагу бекарона: «Аз рўзи азал тарсу будӣ, аз ҳар садо қад-қад мепаридӣ! Ин одат дар хунат боқӣ монда!» Шинохт садои модарро, вале ҷуръати сухан гуфтан ва ё пеш омадан накард. Ҳушёр гашт андаке ва нигарон истод, то аз зану фарзанд чӣ ояд.

пешина
аз 391
навбатӣ