Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

«Чаро хомўшед? Бигўед, чӣ ҳол доред?!»
Вале хомўшанд. Зуъм доранд ё нафрат, равшан набошад. Ҳама чиз андар паси пардаи сиёҳ.
«Ман нигарон будам шуморо, дер омадед!»
«Оқибат омадем, писарам… Зинда ба дидор мерасидааст…»
– киноя буд, аммо шоҳ рост пазируфт.
«Эзиди пок ҳамаро бинаду донад ва ба низом орад; нигаҳдор ўст, меҳрубон низ ўст…»
«Бале, писарам, меҳрубониҳои ў равшан бувад, аммо меҳрубониҳои туро кас намебинад. Ба ҷойи дил андар синаат санг ниҳодайӣ.»
«Ман шуморо пазмон шудам; аз дидоратон шодам. Чаро чунин гўед?»
«Аз хушӣ гўям… Он қадар ёдат кардаем, киии…»
«Гуфтанд, шуморо азоб доданд?»
«На, азоб на… Азоби ту сахттар буд аз азоби онҳо… Онҳо маслаҳат пурсиданд.»
«Маслаҳат?»
«Оре. Маслаҳат медодам, ки родмардонро пўзиш кунад, тарсуҳоро пўст канад…»
Шоҳ Доро дарёфт, ки модар гуноҳи ўро набахшад. Зина ба зина сўҳбат ба пархош орад. Сарманшаҳои модар аз алам бувад ва нанг.
«Чаро Статира сухан нагўяд?»
«Ў бо фариштагон пайваста, сухан нагўяд.»
«Вақти киноя гуфтан набувад, модар. Мо бояд кина аз замири хештан бадар кунем»
Баланд хандид Статира.
«Чаро дурўғ гўед, ин садои Статира!»
«На! Ту аз кадом садо сухан гўйӣ? Ман набинам ўро!»
«Магар чашмонатон хира шуда? Шамъ афрўзам?»
«Дар чунин рўзи равшан? Хуршедро нигар чӣ нур мепошад!»
«Модар! Ман кўдак наям, ки бо «коко» фиребам диҳед! Ман бузургам! Шоҳам! Шоҳи Эрон!»
«Оре, бузург шудайӣ! Аммо кӣ туро фирефту ба чунин бузургӣ расонд, ки торикӣ аз равшанойӣ фарқ накунӣ?»
«Ман дурўғ нагўям… ё кўр шудаам? Охир сахт торик аст модар!»
«Аҷаб, ман ғарқа дар нурам, кўр ҳам бинад. Вале ту таъна занӣ, ки андар пардаи зулмотам! Барои ман шамъ афрўхтан хоҳӣ! Магар пеши роҳат тира аст?
«На, модар! Ман худам чунин торикиро пазируфтам, то донам, ки гўр чӣ гуна шавад…»
Ва боз садои хандаи Статира омад. Шоҳ ғазаб кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор