Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Наханд! Маро шарманда накун! Донӣ, ки чӣ миқдор эрониён чашм сўйи ман доранд?»
«Киро гўйӣ, Дориюш?» – ҳайрон пурсид Сисигамба.
«Статираро!»
«Куҷост Статира?»
«Дар паҳлўи рости шумост.»
«Ту девона шудайӣ, ақли туро костаанд! Статира андар гўр бувад. Ў донад, ки гўр чӣ гуна шавад.»
«Чаро маро фан кунед? Ў хандад ба ман, пазмон шуда маро.»
«Шояд ханда бар ту занад, аммо ман намебинам, намешунавам!
«Доробро низ намебинед, модар?»
«Кадом Доробро?»
«Пури маро.»
«Пури туро Искандар ба тарбияи хеш гирифта…!»
«Искандар?! Душмани ман?! Писари маро ба тарбияи хеш гирифта?!»
«Оре!»
«Чӣ гуна!? Худи Искандар ба тарбия эҳтиёҷ дорад. Чӣ гуна пури шоҳи Порсро тавонад тарбия бикунад?!»
«На, писарам. Искандар тарбиятдида бувад ва мактабдида…»
«Шоҳи тарбиятдида ҷанг накунад, модар, накушад, насўзад, набарад…»
«Охир шоҳаншоҳони Порс ҳам тарбият дида буданд, низ чунин корро карданд; Искандар аз нангу номус ба ин роҳ рафта.»
«Хок бар сарам! Модар низ душман бувад маро!… Худоё!
Суханам ба касе нагузарад: на ба сипаҳсолор, на ба сипоҳ, на ба шаҳрдору на ба волӣ…»
«Чунин ҳол нишонаи чӣ бувад?»
«Чунин ҳол нишона надорад, модар. Ҳама пиндоранд, шоҳ Дорои Саввум тавони марздорӣ надорад, инони давлатдорӣ аз дасташ рафта… Хато мекунанд онҳо! Дорои Кудумон зинда аст!»
«Писарам, донӣ, ки мурдагони беҳ аз зиндагон ҳастанд ва зиндагони батар аз мурдагон?»
«Модаро, ҳар чӣ гўед, ба ҷон пазирам… Хоҳише дорам аз шумо.»
«Бигўй!»
«Доробро аз тарбияи он гурги хунхор бигиред, ман нахоҳам, ки охирин намояндаи оли Ҳахоманиш хунхор шавад!»
«Магар ин кори осон бувад, писарам? Ў шоҳ бувад, ман – асира.
Чӣ гуна тавонам ўро ҳукм кардан?»
«Сухани модар гузаротар аз тир, буррандатар аз теғ…»

пешина
аз 391
навбатӣ