Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

«Во дареғ! Сухани ман, ки ба писари худам намегузарад, чӣ гуна ба Искандар гузарад?»
Сар андохт шоҳ Доро, вале андар фарш ё пеши пояш: «Ай эзиди пок! Чӣ шаби тира буд, ки пеш омад?» Сар бардошт. Модар набуд.
«Модар! Мода-ар! Мода-а-ар!!!»
Валек касе набуд. Шоҳ монда буду зулмотобод. Ва ў бадар рафтанӣ шуд аз ваҳму ҳарос, вале дидорбиниро нотамом дониста сабру диранг кард, шояд бинад боз табору пайвандро дар он нури миёни зулмот…
Боз се ҷуфт чашм аз қаъри зулмот омаданд ва дар ҷое, ки пештар қарор доштанд, бозистоданд:
«Модар, чаро Статираро куштанд?»
«Кӣ гуфт, ки куштанд?»
«Пайк омад, нома омад…»
«На, писарам, дурўғ гуфтаанд, касе ўро озор надода.»
«На, модар, дилам гувоҳӣ диҳад, ки ўро сахт азоб дода, куштанд.»
«Савганд ба номи Аҳура Маздои бузург, ки ў бо аҷали хеш мурд. Ман ҳозир будам он ҷо. Ў сари зо рафт. Дояҳо тифлро пора-пора гирифтанд, зеро тифл чаппа омада буд.»
«— Шумо падари нонағз! Чаро сухани моморо бовар надоред?!»
– тоқат накарда шўрид писар.
«Бовар дорам, Дороби ман! Вале ту чаро маро нонағз гўйӣ?»
– ба мўйи мушкину зиреҳи писараш муштоқу пазмон нигоҳ карда пурсид шоҳ:
«— Шумо тарсу… Моро гузошта худатон фирор кардед; фақат ғами ҷони худро хўрдед…»
«На!»
«— Модом ки ҷон бароятон азизтар аз модару зану фарзанд будааст, чӣ ҳоҷат буд, ки моро ба користон бубаред ва ба зулмотобод биоваред?»
«Нагўй, нагўй, шоҳзодаи ман! Ба ҳама пурсҳои ту посух гуфтам модарро. Дигар ба захми ман намак мапош! Ту ҳоло шоҳзодаи содадил ҳастӣ; бисёр чизҳоро ба ранги аслиашон дидан хоҳӣ. Вале зиндагӣ чунин набуда, писарам; ҳама чизро ранги дигар диҳанд ва ҳеҷ матоъеро бо ранги аслиаш ба бозор набароваранд.
Ҳатто тухме, ки мурғ сапед мезояд, ранг дода фурўшанд. Ман туро панд додам, ки дурўғ магўй, фиреб макун, дашном надеҳ, накуш, насўз, набар… Баракс будааст… Бо ростиву покӣ рўз гузаронидан муҳол будааст… Тоза фаҳмидам ҳамаро, ки фиреби маҳз буда ин ҳама панду андарзҳо; касро фурўтан, тарсу ва нотавон мегардонидааст»
«— Дарахти бузурги хамидаро рост кардан имкон надо-рад, мегуфтед»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор