Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Бале, писарам. Чунин дарахт ҷуз тўъмаи оташ чизеро кор наояд.»
«— Маро дигар писар нахон…»
«Оҳиста бош, Дороб! Чунин магўй! Ў шоҳ бувад, ту шоҳзода!»
– миёни сухани падару писарро бурид Сисигамба.
«Хок бар сарам! Ин чӣ шўре буд, ки пеш омад?»
«— На момо, ман шоҳзода наям! Ятими бекасам!»
«Магўй чунин, Дороб!»
«— Чаро нагўям, момо? Магар азоби мо андак буд!?»
«Мо азоб надоштем, ҷони момо!»
«— Чӣ гуна азоб надоштем? Модари ман куҷо шуд?»
Сисигамба натавонист посух бидиҳад. Балки дар чашми шоҳ Доро хира тофт. Шоҳ диққат ба гуфтори писар дод, ки сухани кўдак сухани ҳақ бувад.
«Куҷо шуд, писарам… Модарат Статира куҷо шуд?»
«— Ба осмонҳо рафт, ҳамроҳи бародарам…»
Сухани писарро бовар кард падар ва имон овард, ки Статира фавтида. Чашм пўшид, то чӣ пеш ояд. Зове пайдо шуд холӣ, тира, вале хеле азим. Меғу дуда сайр мекард дар фазои он. Аз миёни тирафазо қар-қари зоғ меомад ва аз теғаи шах кикир-кикири кабк. Айнан зиндагиро монад, ки ҳам сур дораду ҳам азо…
Манзараҳои рўъёйӣ. Гоҳе надида чунин. Аз ҳарос, ки худ ба меғи сиёҳ бадал нагардад, чашм во кард. Аз он сўйи зов миёни пардаи тира ду ҷуфт зумуррадпорае дурахшид ва якбора паси пардаи сиёҳ шуд. Шоҳи беҳуш, ки хобу бедориро фарқ намекард, чашмвоз бимонд, аммо чизеро намедид. Ғоз-ғозу нах-нах меғи тира парешон мешуд. Ва ўро майли пеш бурдан дошт. Шоҳ пиндошт, ки гоме пеш ниҳад, ба ҷаҳаннам хоҳад рафт. Худро пас кашид ва шонаи чапаш ба чизе бархўрд. Ҳаросид, тарсид. Нафрин хонд гўри сохтаашро: «Лаънат бод чунин… чунин зулмотро!» Баъд садо ба модар кард:
«Ай модар, дуруст, ки ранҷу шиканҷа кашидӣ?»
Модар набуд. Садое наомад; чашмҳо натофтанд. Аз қаъри зулмот шоҳи пушаймон симои модарро ва он чашмони рахшонро меҷуст. Чизе пайдо набуд. Боди самум меғи тираро ғоз-ғоз мебурд тезтар; зов низ ҳамроҳи меғу дуди сиёҳ мерафт; садоҳо ҳам дур мешуданд…
Боз кирёси тангу тор монд. Ҳама чиз дур шуда аз назар, вале садое омад:
«Оксафр куҷост?»
Овози шинос садои модар буд, ки писари хурдиро ном мебурд:
«Бародарат Оксафри нозанин куҷост? Он ҷаъдмўйи гандумгуна?»

пешина
аз 391
навбатӣ