Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Шоҳ Доро пинҳон шуд гўйӣ андар гиребони ҷомаи ҷанда. Вале гўшҳояш ёзидаву дароз шуда бурун аз гиребон монданд ва шоҳ хавф кашид, ки сиррашро ҳувайдо хоҳад кард. Садо дардод:
«Куҷое мегардад, оворатар аз ман!»
«Куҷое мегардад? Пас ту аз ў ҳам хабаре надорӣ? Надонӣ, ки чӣ ҳол дорад?»
«Шумо куҷоед, модар? Чаро садо дореду симо на?»
«Шарм дорам!»
«Шарм? Аз чӣ? Аз кӣ?»
«Аз ту барин писари ношуд!»
Гўшҳои Доро қуфл заданд. Аммо ҳарфи модар андарунаш такрор мешуд, чунон ки магасе ҷой гирифта бошад. Бо кафи дастон пахш кард гўшро:
«Ин суханҳо ростин бувад, модар?»
«Оре, ростин бувад!»
«Хок бар сарам! Ҷурм чист?»
«Саропоят ҷурму гуноҳ бувад! Кас надида чун ту шоҳи нотавоне, чун ту фарзанди нохалафе, чун ту шавҳари бенанге, падари бешавқате…»
«Ай модар! Агар дурустанд ин ҳарфҳо, ҷуз марг маро насибе набошад!»
«Бале, дурустанд…»
«Хок бар сарам! Ай эзиди пок! Бигир ҷонамро!»
«На! Худойгон! Ҷони маро биситон, то набинам, ки чӣ гуна…
Ҷони маро биситон! Набояд модар бубинад марги фарзандро! Ў шоҳ бувад, бояд даврон бикунад! Ман асираам!»
«Хок бар сарам! Чаро Статира сияҳпўш аст? Ба марги кӣ сияҳ пўшида бошад?»
«Ҳолиё ҳама сияҳпўшанд. Кишвар азодор. Маро бубин, кабуд пўшидаам…»
«Алами шумо зиёдтар аст, модар?»
«Оре, аламу андўҳи маро ба ҳеҷ ченак андоза кардан нашояд.
Ман ҳам фарзанд бой додаам, ҳам шоҳ ва ҳам кишвар…»
«Барои шумо ман дар ҳукми мурдаам?»
«Пайғамбар Зартушт дар хобам даромад ва гуфт: «Аз пайи ў нагард, ўро куштанд.» Пурсидам, ки кӣ кушт? Гуфт: «Дўстонаш.
Онҳое, ки шаборўз ҳамроҳаш буданд.»
«Статира низ аз ин рў сияҳ пўшида?»
«Ман надидаам сияҳпўшии ўро… Сурху сабз мепўшид ва сапед. Хешро бонуи Эрон медонист ва хотуни Тўрон мегуфт.
Чаро сияҳ пўшида бошад?»
«Бипурсед, гўяд!»
«Ў, ки нест, аз кӣ пурсам?»
Статира гардан тофт; сахт нигарист сўйи шоҳ ва як нуқтаи равшанойӣ аз назар пинҳон гашт. Шоҳ Доро ин ҳолро ба модар нагуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор