Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Балки хешро чун мурғи зери боронмонда афшонд. Андар торикии гўр чашмони фурўзони қаъри зулмот фурў рафтанд. Гум кард таборро. Ва дарк карду эҳсос, ки Статира хуфта алҳол андар чунин макони сарму зулмонӣ. Яқин хуни ўву тифли равшанойӣ надида гирифташ. Сипас азоби модару тифли шўрбахтро тасаввур кард, ки чӣ гуна пора-пора дасту пояшро ҷудогона аз даруни заҳдони ў бурун оварданд; нашуда чунин ранҷ андар корзор. Он ҷони беҷони ба олам чашм накушода садо дарнадода даҳон во накарда; кўру кару гунг ба хок рафт пора-пора…
Ва ҳама рафтанд аз пеши чашми шоҳ низ…
Шоҳ Доро хоҳиши дидани равшанойӣ кард, ки гоҳи офаридани Оламу Нур ба Худованд низ хуш омада буд равшанӣ. Аммо пеши чашмаш тиратар гашт. Садое намешунид, чизеро намедид, чизе намегуфт чунон ки тифли дунёнадидаи ў. Дилаш гум зад ба писари бузургаш Дороби мушкмўй, ки оне пеш ноҷўру нохуш сухан мегуфт бо падари раҳгум…
БАНДИ ШАШУМ
Шоҳ Дорои Кудумон натавонист дар либоси дарвешӣ бурун равад аз диж. Он чӣ аз миёни мардум бардоштанӣ буд – шуниданиву донистанӣ буд, аз рўҳи модару зану фарзанд шунид. Зи нав дар бар гирифт зарҷомаи шоҳӣ ва нишаст бар маснади шоҳаншоҳӣ. Пасон ба худ омад, ки чаро тую ман кард бо хоҷа Моҳўй ва ҳокими Бохтар Бесус. «Дарвозаҳоро бубандед! Магузоред, ки ҳаво дарояд!» хаёлан хитоб кард шоҳи Эрон ва аз садои қалбии хеш ба худ омад. Ва тахт такону ҷунбон мекард, ки ҳанўз ҳам дар гаҳвора бошад. «Надарояд касе!» сўйи дигар нигариста гуфт.
Пиндошт фармонашро шуниданд. Хотирҷамъ шуд. Фармонҳои ботиниаш барои он буд, ки танҳо бошад ва дар хомўшиву оромӣ биандешад. Вале мағзаш ба ў итоат намекунад; зеҳнаш кунд шуда, ки хоҳад ҳам дар бораи чизе андешида натавонад. Ҳама чиз ғализу меғолуд ё ғуборгирифта, ягон чиз дар шакли аслиаш ҷилва надорад. Ёд меояд, ки ҷангҳо низ чунин норавшан буданд ва миёни дудаву ғубор душманро дидан имкон надошт. Ҳолиё низ ҳама ҷоро дуди ғализи анбўҳтар аз меғ фаро гирифта, ки ба назараш дижу кўшку тахтро тира сохтаанд… Тоҷ гаронӣ овард.
Ба назараш тирагии пеши чашмонаш аз вазни миғфар. Аз сар гирифта ба зергоҳи тахт андохт: «Ҳама бало ту!… Ҳама талошҳо аз барои ту… Кӣ фармуда, ки ин қадар болонишин шавӣ? Чун кафш зери пой бошӣ, чӣ буд? То касе набинад, ҳавас накунад…
Лек чӣ чиз ҳастӣ, ки шоҳ ҳам тори сар гузоштан хоҳад, гадо ҳам…
Ё тавба… Он қадар баланд, ки баъзан туро гуфта, худоро фаромўш кунанд…»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор