Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

«Ё шоҳаншоҳи Эрон! Меояд! Душман меояд… Искандар меояд!»
Садо омад. Ва Доро гўйӣ бедор шуд. Барҷаст… Ду кафи даст сахт бар муттакои тахт бизад ва бипарид сўйи шамшер, ки дар девори толор буд. Бархўрд пояш ба тоҷ, ки чун сари бурида ғелид рўйи қолӣ. Ҳушёртар кард шоҳро. Ў бозистод ва муддати зиёд гўш ба садо дод. Чизе нашунид… Вале тоҷи ғелида, ки ба назараш ҷон гирифта буд, мушавваш сохт шоҳро: «Чӣ аломате?» Шамшер нагирифта сўйи тоҷ рафт. Бардошту бўсид миғфарро, сарбории табарруки шоҳони ҳахоманиширо ва бибўсиду пўзиш хост: «Пўзиш аз шоҳони бофари порсӣ… Гуноҳат ин аст, ки болонишинӣ…»
Бозгашт. Шоҳкулоҳ дар дасти чап, дасти рост бар муттакои маснад ниҳод: «Инро хоҳанд ва онро…» ишора ба тоҷу тахт буд:
«Унсурҳои балоангез ҳастед ва чун оҳанрабо бузургонро сўятон кашед… вале бештар камхирадонро…» Гуфту пушаймон шуд ва ба чаҳор бурҷи толори бесутун нигарист, ки девор муш надошта бошад? Ҳамчунон ором буд толор ва хомўш чу мазор. Андешааш аллакай аз ёдаш рафт ва шарҳ надошт. Ба чунин мариз гирифтор шуда буд шоҳ: андешаҳояш чун офтоби зери абр канда-канда рух намояд. Андаке пеш, ки аз тарс аз авранги шоҳӣ барҷаста сўйи шамшер рафта буд, фаромўш гашт. Ба назараш тоҷ муҳимтар аз шамшер тофт. Ва хоҷа Моҳуй, волии Бохтар Бесус пеши чашмаш омаданд, ки тоҷу шамшер рабудан мехостанд. Ҳаросид. Пасон касеро надида сараш гиҷ гашт ва тоҷро набардошт… Аз нав гирифт тоҷи мурассаъ ба ҳазор сангу рангро бар тахт нишонд ва қадаме дур рафта тамошо кард. Ё офтоб гирифта буд, ё хона ғубор дошт ва ё чашмонаш хира гашта буданд. Ба ҳар ҳол хуб надид тоҷро. Бо панҷаи кушод пеши чашмонашро дошт, то чӣ гуна тобанд зараҳои нурпош… Якбора пеши чашмаш равшан гашт, ки касе дар кушода бошад. Касе набуд… «Бидон, ки барои ту оянд… Сари ман Искандарро лозим набувад. Ту лозимӣ, то бар сар ниҳад. Карру фарр кунад. Худро шоҳи Порс донад… На-а-а…
Ман донам, ки ту нахоҳӣ бар чунин сар нишастан… Ту зебандайӣ шоҳони Порсро, шоҳаншоҳи ҳахоманиширо…» Шарфае ба гўшаш расид. Баргашта ба пас нигарист.
— Кист?!
— Ман! Дарбон!
— Онҳо куҷо шуданд?
— Онҳо?
— Бале, хоҷа ва Бесус.
— Хоҷа ва Бесус андар канори рўд.
Шоҳ даст афшонд, то биравад дарбон. Чун ў одоб баҷо оварда бирафт, шоҳ Доро назди тиреза омад. Нигарист ба Кўшки Гардон, ки дар самти шимолу шарқии диж воқеъ буд. Бидид он ду танро, ки дастак сўйи ҳамдигар зада, тунду тез мешуданд. Вале чун муддате гузашту дами эшон паст шуд, канор кашиданд якдигарро…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор