Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хоҷа убур кард шатро бо ғадапул ва Бесус бо соҳил бирафт…
Ҳайрон шуд шоҳ ва ба дандон гирифт сари ангушт: «Асроре ҳаст…» Вале наёрист эшонро бозгардонад аз роҳашон. Ба касе низ нафармуд баргардонидани ононро. Зеро намедонист таги коса чӣ нимкосаест. «Магар футур рафта давлату дунё? Ва ё анҷом
1 пазируфта салтанати ҳахоманишиҳо? Магар Бардияи дурўғин ояд сари тахт?»
Чун онҳо ғоиб аз чашм шуданд, ў низ хешро аз назди тиреза пас кашид. Беқарор гашт. Дилу мағзашро гургони рашку ғазаб тороҷ мекарданд. Паси сар хорид; бадан хорид, ки зери ҷомааш кайк даромада бошад. «Зери ор мондан хубтар аст аз зери бор мондан.» Хаёлаш ба чизе банд зери лаб ғуррид ва тозон ханҷару шамшер гирифт. «Дашна занам ба хеш, бо теғ шикофам сина, аммо кишвар надиҳам ба душман.» Рўйи мафраш гом зад. Боз аз тиреза нигарист: «Ин сатрапҳои хомхаёл, волию шаҳрдорҳои ноўҳдабаро пиндоранд, ки ҷангро бохтаем, кишвар ба адў додаем… Аҷаб…
аҷаб хаёли хом доранд… Магар ман барбеҳуда Тахти Ҷам ва хазинаи мулк Искандарро гузоштам? На… Беҳуда набувад. Дониста ин корро кардам, то чашми лашкаркаши зарҷў сер шавад аз зар ва ғорату тороҷ накунад… Шояд чунин ҳам шавад; он тороҷгар пеш наояд. Аз роҳаш баргардад. Симу зари зиёд ба Мақдуниё фиристода, аз паяш равад; воми хеш ва воми падар адо кунад…
Ҳайҳот! Гўянд, ки хонаи чашми ўро хок пур накунад, симу зар натавонад пур кардан…» Боз нигарист аз ғурфа. Касеро надид, аммо гуфтор аз пасашон кард: «Шумо чун тавонистед ситеза кунед бо ман? Ақл шавед маро?… Хоҷаи маккор! Бесуси рустойӣ…
Ман хоҷа наям, ман шаҳрдор наям! Шоҳаншоҳам! Шоҳаншоҳи Эрон! Кишвари бар ивази модару зану фарзанд надодаам… Магар ройгон диҳам ин кишвари каёну ялони Аҷамро? На-а-а… Ман аз тухмаи шоҳони Эронам. Нигаҳдории кишвар бар дўши ман бувад… Вале онҳо таъна бар ман зананд, ки аз ғофиливу беҳунарӣ бохтаам ҷангро… Ё Аҳура Маздои бузург! Магар надидӣ, ки ман чӣ гуна шамшер зада, қалби сипоҳи Искандарро дарида, ўро аз миёни тўда меҷустам? Магар надидӣ, ки рўйи гардуна қомат афрохта, то дуродур даст ёзида, шамшер мезадам… ва якбора чӣ шуд, ки гардунаи ҷангии порсӣ ба роҳ даромад ва маро бурд аз размгоҳ? Худовандо! Ман дигар натавонистам ба пас нигаштан. Ба муқобили душман рафтан… Ман хоб медидам; ин ҳама рўъёйӣ буд… Дар бедорӣ имкон надошт, ки бигрезам. Худовандо!
Ин ҳама ҷодугарӣ буд. Ба д-он монад, ки дами шамшери тезро

  1. Бардияи дурўғин – муғбаччае, ки хешро Бардияи писари Куруш сохта, ба тахти бесоҳиб нишаста буд.
пешина
аз 391
навбатӣ