Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

об гардонад. Фаромўш кардӣ маро; фаромўш кардӣ, ки дасти шафқат аз дўши ман бардошта, бар китфи душман гузоштӣ...
Ҳурмузди бузург! Ҷавобгўй шудам ба ҳама ҷурму носавобҳо ва кирдори шоҳони порсӣ… Дориюши Аввал рафту Хишоёршоҳ ва оташ заданд маъбади Отинро… Ва чаро ман кашам ҷафои нобасомониҳоро; подафраи ҳама бадиҳо маро насиб шуд ва подоши некиҳо Искандарро. Искандари марзҷў омада ба кишвари порсиён! Ман, ки нарафтаам ба Мақдуниё ва ба сари касе тохт наовардаам ва хонаи якеро оташ назадаам, чаро азоби алимро кашам? Магар ҳифзу дифои Ватан ҷурм аст? Маро сазои дигар мебод. Вале ман – «хиёнаткор», душманон – «ватандор!» Худоё Худовандо! Кишвари Эронро хор мадор!!!»
Ва ҳолиё Дорои Кудумон ҳушёр гашта, фикру андеша меронд, ки фарзанди Эрон аст аз оли Ҳахоманиш. Ҳамин қадар медонист. Зеро ба ў шоҳӣ наомўхта буданд; таълиму тарбияи кишвардорӣ надида буд ва касе огоҳ накарда, ки мурғи бахт бар сари ў менишинад.
«Ё шоҳаншоҳ! Набарзан омада!»
Садо омад аз дами дар. Овози сарпос буд, ки фармони шоҳро шикаста, шояд ба сухани пардадору нигаҳбони диж гўш надода омада бошад. Вале бад расид ин садо шоҳаншоҳро, ки гўшдор набуд. Ин садои нобаҳангом андешаи шоҳро парешон кард ва тори нозуки асабашро чун дами теғ баргусаст. Шамшер аз ҷавлон боздошта, гардан тофта ба дар нигарист, ки як чашму ним рўйи сарпос метофт. Чизе нагуфт… Сарпос хешро пас кашид, ки ниҳояти ноҷўрӣ ва ғазабу тундии шоҳро дарёфта буд. Мабод, ки ба ғазаби шоҳ гирифтор шавад; гарчӣ медонист, ки шоҳ ҷаррор нест ва ҳама хоставу фармони ўро дигарон иҷро кунанд; бо вуҷуди он ҳаросид. Ва шарфаи пой зада пеш омадани шоҳро шунида қарор истод.
Шоҳ шамшеру дашна ба ҳам зада садо дардод, ки рамзи кафкўбӣ буд, то касе пайдо гардад. Боз сарпос рў овард пеш. Шоҳаншоҳ дар шигифт монд:» Дигарон – нигаҳбонон куҷо шуданд, ки сарпос рў менамояд?» Шоҳ беихтиёр ишораи сар кард, то сарпос пеш ояд. Сарпос пеш омад. Дашна дар камар, шамшер дар наём ва сабили сиёҳ пушти лаб дошт. Сабили сиёҳи монанд ба ду пари зоғ дошт, ки то баногўш кашол ёфта ва мўйҳои ду бари рўяш ҳамроҳ ба бурут шуда буданд. Касе надошт чунин бурутро. Сар андохт сарпос, вале мўйи лабаш чунон ки ширеш карда бошанд наҷунбид.
— Сипаҳсолорро бихон!
— Пўзиш аз шоҳ, магар Бесусро?
— Сипаҳсолорро!!!
— Пўзиш аз шоҳ… Магар сипаҳсолор худи шоҳаншоҳ нестанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор