Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Махсус писари ў будани пури хешро таъкид кард Барзин ва гўйӣ хафабанд кард шоҳро. Шоҳ Искандар пештар омад ва бо садои гирифта ва оҳанги зорӣ пурсид:
— Рост бигў, дилгир макун. Чӣ кардӣ бо ў?.
— Чизе накардаам бо ў. Чун бардоштаву оварда натавонистам, дар гардуна бораш карда будам…
Ва Искандар ҳарчанд хашм дар сар дошт ва сахт шўрида буд, Барзинро чизе нагуфта, рў сўйи гардуна овард. Пойҳояш регро ва ҷо-ҷо хоки нарму сурмаосоро пош дода пеш мерафтанд. Гўйӣ бори нахуст Искандар ба пешвози баччаи одам метохт ва рўйи инсонро пазмон шуда буд. На фақат Барзин, бал ҳамагон ҳайрон буданд аз рафтори шоҳи мақдунӣ. Зеро ўро ба бемеҳрӣ, ба бераҳмӣ ёд мекарданд ва гумон доштанд, ки дил надорад.
Андар замини нарм гардуна базўр мехазид ва дандонаҳои монанд ба гирдакон фурўтар мерафт. Ду тан миён шикаста, ки гўйӣ аз рўйи гуноҳи гаронашон бо ҳукми ҳокиме эшонро ба ҷойи асбон ба гардуна баста буданд; ароба мекашиданд. Бардаҳои тиҳипойи пурҷурмро мемонданд ва зўре надоштанд, ки гардуна кашанд. Гўё чунон буд, ки аз бемадорӣ шотуи гардунаро доранд ва қурси курушии чархҳо аз Офтоб нерў гирифта пеш гарданд; он ду танро низ ба пеш тела диҳанд. Онҳо сар боло карда наметавонистанд; чашм ба пеш дўхта чӣ қадар масофа монданро донистанӣ набуданд, балки сарашон хамтар, гўйӣ пойи миёни хоку рег пинҳон гаштаашонро меҷустанд; вазни сари гаронашон обтарозуи чархҳоро пеш мекашид. Ду тани бемадор, ки аз рўйи садоқат ин корро мекарданд, шоҳи рў ба рў истодаро надиданд. Чун шоҳ Искандар шоҳтири гардунаро дошт ва чархҳои он аз ҷунбиш бозмонданд, сояи касеро рўйи рег мушоҳида карда, сар бардоштанд. Искандарро дида, хомўштар аз будаашон истоданд.
— Куҷост шоҳпур? – ду мақдуниро аз шаклу тарзи либоспўшӣ ва нигоҳи меҳрубононаашон шинохта пурсид Искандар.
Онҳо аввал нафаҳмиданд, ки «шоҳпур» чист. Чун Искандар «Писари шоҳ куҷост?» гўён ба такрор пурсид, даруни гардунаро ишора карданд.
«Зинда ё мурда?!» – фарёд зад тоқат то дидан намонда.
Онҳо пешбандҳои чармиро, ки дар гардани асбон бошад, аз гардану сари синаҳои хеш бадар оварда ва шоҳтири гардунаро ба замин хобонда, рў ба пас оварда ва бо пойҳои кашолу бемадорашон регро ҷўя кашида, ба дарпардаи гардуна наздик омаданд; пардаро бардошта, диданд ва рў ба Искандар оварданд:
«Хоб…»
Искандар бовар накард. Биомад ба дари гардунаи шинос.
Ворид шуд. Бўйи кўдак меомад аз гардуна, ки шоҳро чандон ошно набуд. Бо вуҷуди он ў фарқ карда тавонист бўйи тифлро аз дигар бўйҳо. Тифли хуфтаро дид; ба назараш бачча нафас намекашид.

пешина
аз 391
навбатӣ