Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Искандар гарчӣ безобита буд, бодиққат нигарист, то огоҳ аз ҳолат гардад; сари синаи ў болову паст шавад ё на? Фарқ накард ва хам хўрда гўш бар сари синаи чапи писар ниҳод: «гуп! гуп! гуп!»
Паст-паст садо меомад. Шод шуд шоҳ ва бардошт рўйи даст шоҳзодаро. Бўйид, бўсид… Ва нахустин бор донист, ки бўйи хуш дорад тифл; хуштар агар тифли худат бошад. То алвақт чунин бўйи хубу ҳаловатбахшро нашамида ва нашунида буд шоҳ. Ростин хештанро падар дарёфт ва ҳамон зайл меҳрубону ғамхор фарзандро рўйи даст бардошта, бурун аз гардуна шуд. Чунон ки Рустами дастон Сўҳроби ялро як кам чиҳил рўз ба умеди зинда гардонидан рўйи даст бурда буд, пой ба хоку рег фурў дода, ҷониби Барзин равон шуд падар. Барзин аз чунин рафтори Искандар писарро нокор дониста, ба кўфтагиву хастагии худ нигоҳ накарда ҷасту сўйи онҳо давид; аммо натавонист давидан; ду-се қадам гузошту афтид.
Ва чун сусмор сар бардошта сўйи Искандар дер нигашт ва хитоб кард: «Зинда?!» Искандар нашунид, ки посух надод. Барзин боз фарёд зад: «Мурда?!»
«Зиндаи мурда; мурдаи зинда…» аз дил гузаронд Искандар, лек баланд нагуфт ва дар ҷавоби ҳар ду ҳолат ҳам сар ҷунбонд:
«На!» Барзин ҳайрон монд, ки шоҳ девона шуда ва ё аз ақл бегона. Шоҳ тифлро рўйи даст овард пеши Барзин. Модар ҳанўз ҳам пой дар рег, дастон низ андар хоку рег фурў рафта, ҳалқак мезад чу сусмори ташна ва сўйи писари рўйи дасти падар менигарист; гўйӣ аз Замин ба Осмон. Ва якбора даст аз даруни рег ба ҳаво бардошт, то шоҳ писар диҳад ўро. Мадори истодан накард ва бо даҳон зад бар реги нарм. Ва Искандар пеш омада, дар як даст писар, бардошт занро бо дасти дигар.
«Зинда.»
Бехи гўши Искандар садо дод паст ҳарфи Барзин ва шў фармуд:
«Нимзиндаву ниммурда…»
Ва Барзин талвоса дошт писар бирабояд аз дасти шавҳар: «Чаро дар зиндагиаш чунин меҳрубонӣ накардӣ?» пурсид Барзин ҷой ва фурсати гилагузорӣ ёфта.
— Напурс… Магар надонӣ, ки…
— Донам – донам… Шоҳи ҷаҳон фурсате надорад, то бо зану фарзанд бошад.
— Чӣ ҷойи шикоят? – оҳ кашид ў ва ба дуродур нигарист, ки бекарона бувад ин дунё ва натавонад бурун рафтан.
— Маро бидеҳ! – ба зону рост шуда ва дастон сўйи писар ёзид Барзин; хаёли Искандарро аз Уқёнуси Бурун бозовард.
— Ту натавонӣ ўро бардоштан… Ў хеле бузург шуда…
— Оре, бузург шуда, дуртар аз падар бузург шуда…
— Чаро чунин гўйӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор