Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва Коллисфен андар ҳошияи он саҳифа низ набишта мазмуни номаи Искандар ба Арастуро, ки бояд файласуф ба Шарқ биёяд ва ин ҷойҳоро бинад ва бо мардумони эронӣ рў ба рў шавад, вагарна аз олам чизе нодида ва надониста… равад…
БАНДИ ДУВВУМ
Ва шабохун зад шоҳи шабрав Искандари Мақдунӣ.
Гоҳи ғуруби хуршед бор бастанд сутуронро, ки тафси офтоб рафта, гармиаш қабат андар қабати регзор ҷой дошт. Лашкаркаш боз бинишаст бар зини Бусефали пурзўр ва зану фарзандро ба гардунаи шоҳони порсӣ ҷой дод, ки аз Эроншаҳр ба даст оварда буд. Пизишки хонаводагӣ Филипп ҳамроҳи онон буд нигаҳбону нигаҳдори Геракли дардманд.
Ва боз азоби сахт пеш омад, зеро дар кавири Эрон андар оташи ноаён онон ақаллан нафас рост накарда буданд. Коллисфен ҳама чизҳои зоҳирӣ, қарордодҳо, хоҳишҳо, ҷабру ситаму номеҳрубониҳо, ҳолату рўҳи сипоҳу сарбозон ва касони наздикро менигошт, аммо аз дили Искандар чӣ мегузашт; сипаҳсолору сипаҳбадон ва сарфавҷҳо чӣ андеша доштанд; сатрапҳо ба чӣ ҳолу рўз омада буданд ва нияташон чӣ буд; гетерҳои хушҳол аз чӣ ба танг омада буданд, чӣ орзуву дархостҳо доштанд, намедонист. Пушаймонии гетерҳои нозанин, нафрини занони асира, дарди тифлон ва аламу кинаи ҳасудон ва ғаши сипаҳсолори куҳансол Пармониёнро фаҳмида наметавонист. Вале дарёфта, ки Пармониёни набарддида бад бинад якравиҳои худписандона ва хаёлҳои худфурўзонаву мушкилписанди шоҳро…
Ҳолиё сипоҳи тўлонӣ гўйӣ чун турнаҳои баҳорӣ «қу-қуву қа-қа» садо дар фазо дода, бо роҳи Каҳкашон сафар кунанд аз манзили гарм ба биҳишти сарму нарм. Вале дур бувад он Минў.
То ба он ҷо расидан нерўву тавон, обу дони зиёд лозим аст. Хоса об. Шоҳи шабрав дар тўли ёздаҳ рўзону шабон сипоҳиёну соҳибмансабон, занону асиронро ва ҳам сутуронро шабравӣ омўхт.
Чун офтоб тулўъ кардӣ, баъди се соати зўҳр хаймаҳо андар кавир задандӣ ва сар аз нури сўзони суруш зери чодарҳо, гирдасаро ва саропардаҳо бурдандӣ.
— Мо сар зери сояи чодар барем, вале сутурон аз гармӣ ва нури баланди офтоб бимиранд, шоҳ. – Пеш овард Можиёси ҳамсафари Искандар.
— Боке набувад. Чун сутурон бимиранд, пиёда шавем ва сутурони дигар пайдо кунем… аммо одамон бимиранд, мушкилот пеш ояд. – Фармуд Искандар. Ва амр кард, то сутурони пурзўр ва сарбозони ҷангиро ҷудо кунанд. Чунон карданд ва Искандар афзуд: – Асбони лаванд ва одамони камзўр аз дунболи сипоҳ шаванд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор