Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сутурони аз пой афтодаро қурбонӣ бикунед!
Ҳамчунон мекарданд, ки Искандар мефармуд. Ва боз лашкар убур мекард кавири Эронро чунон ки саҳрои Мисрро. Шояд андар ин биёбони хушку гарм чоҳҳо бошанд ва чашмаҳо… вале чун юнониён ва мақдуниён балад набуданд, сипоҳу сипоҳдорон ва сутурон азоби сахт доштанд. Ва як нафар эроние пайдо набуд, ки асрори кавири миёнаи Эронро донаду бикшояд, то чунин азоб набошад лашкари Искандарро. Ва агар нафаре дониста буд аз асирон, эшонро андар кавири Эрон роҳбаладӣ накардӣ. Зеро агар чоплус будӣ ва ватанфурўш, ҳеҷ гоҳ асир нашудӣ. Касоне асир буданд, ки номи Эронро аз вуҷуди дигар кишварҳо боло медонистанд. Ва аммо байни чоплусон, ватанфурўшон ва ҷосусон ва хоинони эронӣ касе низ пайдо набуд, ки сипоҳи Искандарро кўмак кунад. Гўйӣ ҳама эрониён мурдани хешро бо ҳазор азоби алим пеш медонистанд аз нобудии Эрон.
Ва каргасон гирд мегаштанд тори сари лашкар ва ақибтар ва дунболтар… Мехамиданд сангосо аз осмон. Искандар дониста; онҳо чунон ташна гашта, ки сипоҳи ў. Онҳо лоша хоб бинанд, инҳо об. Аз ин рў лошахўрони баднияту баднамо аз ҳаво фурўд оянд бар сари лошаи асбон ва ё наъшаи сарбозони рўйи реги биёбон...
Гўйӣ ҳамагон пурғаманд: сарбозон сархам ва рўдапо, асбон гўшафтида, шутурон гарданшикаста, гардунаҳо хушку вайрона ва лабҳои ҳама карахшбаста.
Бусефали пурзўр, ки шабравӣ аз савори хеш омўхта буд, ба саҳл ишора ва пошна задан ва маҳмез андаке пеш мерафт ва дигар асбон маҷбур буданд ҳампойӣ кунанд. Биёбони хушку сўзон ҷуз паҳнои бекарон, реги тафсон, ҷо-ҷо хори мағелон ва шутурхор гиёҳи дигаре надошт. Ва шутурон ҳангоми хайма заданҳо, агар бошад, шутурхор мехоиданд; вагарна онҳо низ чун асбон азоб мекашиданд, ҳарчанд ки дар ташнагӣ тоқат доштанд; рўғани кўҳонашон аз ташнагӣ наҷот медод. Вале асбонро душвор бувад чунин роҳу чунин саҳро…
Ва якбора ҳавои гашти Бусефали рамузфаҳм дигар шуд: гўш чур кард. Ҳаворо бўй кашид. Ва сар афшонд. Сайҳа кашид. Соҳиб фаҳмид, ки чизе бувад андар пешгоҳ: ё сипоҳе, ё обе, ё марғе ва ё чизи дигар. Искандар пой тира бар рикоб кард ва қомат афрошт пушти зин, то дар субҳи козиб чизеро хубтар бубинад, аммо пеш тиратар буд аз он ки дар кавир.
Сапедадамон субҳбода вазид, ки дар тўли роҳпаймоии ёздаҳрўза чунин насим пеш наомада буд. Худи Искандар низ рўҳ гирифт ва чун Бусефал ҳаворо ҳарисона фурў кашид. Саворони дигар ва асбон низ ҷон гирифтанд.

пешина
аз 391
навбатӣ