Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Эрониён чунинанд: ба хотири кишвару ватану миллат сар супоранд, аммо асрор ҳувайдо накунанд. Ман қоил ҳастам мардонагӣ ва ватанпарастии ононро.
Шерак сохта, роз ҳувайдо карданӣ шуд Искандар. Аммо эронӣ чизе нагуфт.
— Ай донишманд! Роҳ чанд аст то Окботоно?
— Боз он қадар, ки омадем…
— Боз сесад мил?!
— Оре, шоҳ!
— Ай донишманд! Ин ҳама донӣ, чаро чизе нагўйӣ?
— Магар зарурате буд ба гуфтани ман? Шумо, ки донед чанд мил роҳ бувад аз Эроншаҳр то Ҳамадон… Шашсад мил…
— Оре, донам…
Хуршед нур ба ҷое пошида буд, ки кўҳи Дамованд кулоҳи барфӣ бар сар дошт. Ва ҳар шаху ниҳолу буттаву растание, ки андар ин кўҳ вуҷуд дошт, ба чашм мерасид. Искандар, ки нисбати рўзҳои дигар ҳавои ин ҷоро дармекашид, сарафзори Бусефалро низ кашид. Ва оҳиста – оҳиста то қалъаи Рай наздик шуд. Паси диж гузашт ва пиёда гашт. Дигарон низ аз асбҳо ва сутурон фурўд омаданд ва гирдасарову гирдгоҳу хайма заданд. Аз Дарбанди кўҳи Дамованд рўдаке ҷорӣ буд ва аз санг ба санг зада, кафк карда широсо метофт. Сарбозон қадорўд чун кабкчўҷаҳои ташна радд кашиданд ва каф-каф об ба даҳон рехта, сар боло дошта ғарора мекарданд, то ғубору гардҳои роҳи кавир рафъ гарданд. Чун сару рўй ва дастон тоза карда аз об сер гаштанд, сарбозон бо қадоба боло шуданд ба таншўйӣ. Ва баъди чангу ғубор ва шухи тан дур кардан ва ташна шикастан ва об дар тан кашидан ва ҷо ба ҷо шудан… Искандар фармуд:
— Ба атроф биравед, рўзӣ пайдо кунед, пайку пайғом биоваред!
Ва пароканда шуданд саворон ба атроф, то рўзӣ пайдо кунанд.
Худи Искандар ба айш пардохт, то кўфти роҳ барорад. Чун дар кавири сахтубур ҳолу рўзи зану писарашро дида буд, ҳолиё ононро назди хеш дошта, эътиборе гетерҳоро намедод.
«Барзин, хоҳиш дорам, то чизе напурсӣ ва чизе нагўйӣ!»
Самимӣ гуфт Искандар ва аз садояш бармеомад, ки барои ҳама кирдорҳо ва рафторҳояш пўзиш пурсиданист. Вале халал аз дигар тараф шуд: нигаҳдор аз паси дарпарда овоз кард:
— Пўзиш аз шоҳ! Савореро оварданд бегона…
— Биоваред! – андеша накарда, хост Искандар.
Асби сапед фиркидаву сум зада пеш омад ва савораш пиёда шуд. Ўро оварданд саропардаи шоҳӣ. Ҳанўз кўфти роҳи биёбон аз танаш рафъ нашуда буд. Аз ин рў дижи Райро монда роҳат дар шорсон дошт. Чун шоҳони порсӣ каҷпаҳлў зада, сар ба пардасаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор