Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

задани пайкро нигарон истод ва баробари ворид шуданаш пурсид:
— Кистӣ ва аз куҷойӣ?
— Манам Бисфан пури Ваҳуко! – зайле гуфт, ки бо Дорои Саввум гуфта буд: — Аз тухмаи шоҳони Ҳахоманишӣ…
— Буда бош!
Кўтоҳ гуфт Искандар ва Геракли хурдро, ки наздаш менишаст, сўйи Барзин равон карда, ишора намуд, то бароянд. Барзин ончунон кард.
— Кӣ фиристода туро?
— Ҳеҷ кас, худам омадам.
— Омадӣ, то гўйӣ, ки аз тухмаи Ҳахоманишиён касе намонда… Шоҳи Порс бишавӣ?
— На. Омадам, то маликуррумро бигўям, ки…
— Чӣ гуна маликуррум? Шоҳи ҷаҳон!
— Бале… Омадам, то шоҳи ҷаҳонро бигўям, ки Дорои Саввум Модро тарк гуфта…
— Ва куҷо рафта?
— Сўйи Хуросон… ва ҳафт ҳазор толон зари сурх бо худ бурда.
— Ваҳ! – гўйӣ оламро бурда бо худ Дорои Саввум, ки Искандар аз шунидани ҳафт ҳазор толон зари порсӣ ба пой шуд:
— Будаи хазинаро бурда?
— На… Танҳо зари сурхро…
Искандар чун шағоли сайд дода аз даст дандон хоид. Ва нигарони бозгашти онҳое, ки аз пайи рўзӣ рафта буданд, нашуда, саворони матину тавоно ва сарбозони шуҷоъро ҳамроҳ гирифт, озими роҳи Окботоно гашт. Ва яке аз ҳамравонаш Кротрусро фаҳмонду фармуд, ки ҳамчу сардор бо бақияи сипоҳ бимонад андар Рай.
Ва шоҳи мақдунӣ ба охирин намояндаи ҳахоманишӣ Бисфани писари шоҳ Ардашери Саввум, ки хабари муҳим оварда буд, эътиборе надода, тозона зад Бусефали бодпоро. Бисфани боумед, ки дар сар орзуи идома додани оли Ҳахоманишро дошт, ҳайрон монд аз носипосии Искандар ва надонист чӣ бикунад. Аз дунболи сипоҳи Искандар овезад ва ё бо боқимондаи сипоҳи мақдунӣ мадоро бикунад. Зеро овозаи ҷавонмардӣ ва одамгариҳои Искандарро шунида буд, вале надониста, ки баъди осон ба даст овардани Эроншаҳр чӣ ғуруре пайдо карда ва баъди азоби убури кавири Эрон чӣ ваҳшонияте гирифта; боре худоро шукр нагуфта, бал ҳисси қасос ва нафрату адоваташ афзуда. Зеро эрониён ўро чун шоҳ нашинохтаанд. Агар чаҳор хушомадгўйи сарватманд, илоҷи гурез наёфта, рў ба рўяш сар ба замин зада, симу зар ҳадя карда, ўро шоҳи хеш ва шоҳи ҷаҳон хонда бошанд, чунин маънӣ надорад, ки кулли мардуми Эрон ўро доҳӣ донистаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор