Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Таҳамтан туйӣ, далеру диловар туйӣ, ял туйӣ, қаҳрамон туйӣ… Аз ту омўхтам нотарсиро, аз рафторҳои ту ёд гирифтам ба обу оташ заданро; худсўзиро, худфурўзиро, қаҳрамониро. Донистам, ки ҷазбманд ба оташ даройӣ, насўзӣ; бо дилу гурда ба об андозӣ, раҳо ёбӣ; аз гирдобҳо бурун ойӣ… Ту донистайӣ, ки бадтарин бало тарс бувад… Надидам, ки аз тири туфанг, жўпину найза, шамшеру синон ва ё гурзу амуд ё банду каманд тарсида бошӣ.
Ягон чиз намегирифт туро, бал ҳама чиз баргашта ба худи душман мезад… Чӣ мўъҷизае дорӣ, аммо маро нагўйӣ… Бусефал, то ҳанўз ситоишат накарда будам, то биниат бод нагирад… Чун биёбонро мушкилгузар мебинам, ҳарфҳоям, миннатдориам ногуфта намонад… Ҳолиё паст – паст гўям дар гўшат, ба ёд бигир:
«Беҳтар ва наздиктар аз ту ҷонзоде надорам…» (Бусефал бинӣ афшонд, кишна кард, миёнаш бардошта шуд, ки Искандар хешро бар тахти баланд эҳсос кард.) Гўянд, ки аз баҳри ҳама баромадаам: аз баҳри модару зану фарзанд, аз баҳри ватан, кишвар, аз баҳри халқон, хоса аз баҳри мақдуниён… Наход ман чунин кўрнамак бошам, Бусефал? Хайр, аз фарти баччагиву бехабарӣ ва нозгунҷӣ ба падар сахт омадам; модарро рўйи хуш надодам; суханашро гўш накардам; аз зарурат танҳош гузоштам… Ин ҷо айби худи модар низ ҳаст, Бусефал. Медонӣ-ку: хоҳиш кардам, ки ҳамроҳам ба Шарқ биёяд, напазируфт; чун Арасту напазируфт…
Шояд дуруст ҳам карда бошад… Чунон ки донӣ, пешдод фиристодам аз бардоштаҳо ба модару ба устод… Ҳаққи пурраашонро худат хоҳӣ бурд, Бусефал… Ин сарбозон, ки ҳамроҳи моянд, аз хушӣ наомадаанд; бархе ҳисси ватанхоҳӣ доранд, баъзе интиқом ситонанд; яке аз зарурати рўзгор, дигаре аз пайи рўзӣ ва ҳар киву ҳар чӣ – зархарид, мардикор, барда… Юнониҳо магар барои ман ҷанганд? На-а-а… Онҳо низ симу зар ҷўянд. Вагарна ҳам аз ҷониби мақдуниҳо ва ҳам аз тарафи эрониён наҷангида буданд.
Пас зар олитарин коло бувад, ки бародарон ва падару писарро дар майдонҳо рў ба рў орад. Шоҳро ба тахт нишонад, шоҳро аз тахт афтонад. «Фақат худо на, вале ба худо наздик.»
… Ва он ҳолат ҳеҷ гоҳ аз ёд наравад, Бусефал: оби дар кулаҳхўд овардаи он сарбози юнониро фаромўш нахоҳам кард. Ба ёди ту монда ё на, вале аз ёди ман нарафта: худам фиристодам он сарбозро қатори дигар сарбозон, то аз биёбон об ҷўянд. Касе об наовард. Танҳо он сарбози юнонӣ дар хўди фулўзиаш об овард ва сўйи ман ёзида гуфт: «Дар ҷое риштаи сабз дидам ва рафта замин кандам. Бо тори решаи шибар об чакид қатра-қатра. Кулаҳхўд зераш гузоштам, ним шуд… Ва шуморо овардам… Бинўшед!»
Маро дод хўди фулузӣ, ки оби гарм дошт ва ман дарозо нигаштам ба он оби тира ва ба заминаш рехтам. Аз замини тафсон дуд хест…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор