Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ёдат ҳаст ё на?! Аввалин бор дидам, ки обу хок низ дуд доштааст. Донӣ, ки чаро чунин кардам? Зеро ҳамагон ташна буданд, ту ташна будӣ, сутурон ташна буданд ва Замин ташнатар ва он об якқатрагӣ намерасид. На ба ман шавад, гуфтам, на ба ту. Ҳатто аз сари ту нарехтам, то хуморат шиканад, Бусефал!
Мурем, ҳама баробар мирем: «Дар ҳоле ки ҳама ташна ҳастанд, набояд нафаре хумор шиканад… Дар беша оташ афтад, тару хушк баробар сўзад…»
Болопўши сапеди искандарӣ ўро дар ин шаби бемаҳтоб низ сапедранг нишон медод, то аз дигарон фарқ дошта бошад. Ва ҳангоми хаму рост шуданаш андар хонаи зин равшан ба чашм мерасид. Баробари хаму рост шуданҳо дар сар андешаи дигар меомад: «Ва ман як орзу дорам, Бусефал… Хоҳам, ки ҳар қавму халқияти дигар чун эронӣ миллату кишвари хеш ва мардумро дўст дошта тавонад ва сарсупурда бошад… Чӣ гуна, гўйӣ? Ёдат ҳаст, ки мо андар Эроншаҳр шамшеру найза сохтанӣ шудем… Бале, ту ин чизро надонӣ. Гўямат: барои сипоҳ шамшеру найза ва дашнаву жўпини порсӣ сохтанӣ шудем; эрониён напазируфтанд…
Ба ҳиндувони эронӣ фармудем, то теғи ҳиндӣ созанд. Сарбозонро кулаҳхўд ва асбонро баргустувон сохтан хостем, ҳунармандони эронӣ рой надоданд. Ба бобулиҳо рўй овардем… Донӣ, ки ҳамаи ин чӣ маънӣ дорад? Надонӣ… Маъниаш ин аст, ки эрониён бимиранд, вале хидмати ноҷойи касеро ба ҷо наоранд… Қатори душман рў сўйи Эрон наоранд. Ватанпарастиро аз эрониён бояд омўхт… На-а-а… Ин ҳасад набувад, Бусефал; ин орзуст, армон аст. Пеши назари худам эроние пайдо нашуд, ки чоҳу чашмаи кавири Эронро гўяд ё намояд. Зеро ў нахоҳад, ки мақдуниён зўру нерўи тоза гирифта аз нав бо эрониён ё шарқиён пархош кунанд.
Ҳарчанд ҷанги Порс анҷом пазируфта.
Чизи дигар ин ки юнониён пиндоранд ман бе онҳо овард карда натавонам. На! Онҳо хато кунанд. Искандар дигар ба юнониён эҳтиёҷ надорад. Ў фақат барда хоҳад аз онон. Шоҳи мақдунӣ ба мурод расид: давлати Ҳахоманишӣ барҳам хўрд. Шарқиён дигар ҳукмрони Мағриб нахоҳанд шуд… Охирин умедвори ин сулола Бисфани пури Ардашери Саввум буд, ки ноумед гашт. Ман мушоҳида кардам вазъу ҳоли ўро ҳини аз Рай сўйи Октобоно сафар кардан: гардани каҷ ва ранги парида дошт шоҳзодаи Порс…
Аз он гўри гурезон (сар ба пеш ишора карда) – Дорои Саввум умеди умри дубора набувад. Чун санги фалахмон рафт. Бозгашт надорад…
Ман ба як чиз ҳайрон, Бусефал… Ҳама Эрон гўянд: эронӣ ҳам, бобулӣ ҳам, шушонӣ ҳам, окботонӣ ҳам, вале чӣ шуд, ки Эрон ҷангро бохт? Бале-бале, Бусефал, рост гўйӣ: хиёнат зиёд шуд: юнониҳои кироя хиёнат карданд эрониҳоро; хоса Дороро…

пешина
аз 391
навбатӣ