Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Об гузарад аз зерашон, то болидарўҳ шаванд.
Он шаб айш доштанд андар Кўшки Гардон. Шоҳ Искандар андар дижи шоҳони ҳахоманишӣ, ки дербоз муштоқи чунин макон буд, дамсозӣ мекард. Лашкаркаши бузург фармуда буд сарбозонро, то хубу аъло роҳату фароғат кунанд, зеро бедиранг бар асари гўри гурезон Дорои Кудумон хоҳанд рафт. Вале ҳоло ҳамроҳи зану фарзандаш сўҳбати Райро идома хоҳад дод. Гарчӣ дилаш гум бар гетерҳои нозанин занад, сўҳбати нотамоми хонаводагиро авло донад. Ва аммо ҳаваси гўри гурезон зўртар ва мароқангезтар аз ҳама гуна гетер, ёру диёр ва кўшку диж бошад. Ба назар вақт сарфи зану фарзанд мекард ва меҳрубониҳо дошт бо эшон; дар амал андешаҳое дар сар дошт, ки раҳораҳ ба Бусефал гуфта буд ва чун кобус гўри гурезон пешопеш метохту каргасҳо ва зағон баробари тохти гўр бо ҳазор шўру ғавғо ва ғалмағал соя бар сари он чаҳорпо дошта, парвоз мекарданд. «Дур наравад…» Гўё сурати ношинос, вале тахминии Дороро андаруни шароби арғувонии қадаҳ дида, соғар дур аз лаб кард ва нимҳушёр сахт нигарист ба даруни он: «Ҳаром шуд» аз дил гузаронд ва май бирехт бар қолии сурхи эронӣ. Боз бода пур карду ба сар кашиданӣ шуд ва сурати ришдори сабилаш тоб-тоб аз даруни ҷом ба ў нигарист, ки хаёле ин ангораро андар набарди Граника дида буд.
— Ин Ҷоми Ҷам аст!!!
Баланд садо кард ў ва аз садои хеш ба худ омад. Барзину Геракли кўчак ҳайрон монданд.
— Биталомусро фармоед!
Барзин донист, ки Искандар рашк бурда ба ошиқи Тойис ва гетери соҳибҷамолро пазмон шуда; баҳона дорад, ки Биталомусро аз назди раққоса талаб карда гирад.
Шоҳзодаи мисрӣ омад. Искандар ҷоми ҳайратовари дасташро ба ў дароз карда ба сухан даромад:
— Мо дар тоқдони толорҳои Персополис Ҷоми Ҷам ҷустем, он ҷом ин ҷо – андар Окботоно буда… Бубин, то аз аҳволи мулки Доро чӣ арзҳо кунад?
Биталомус ҷоми пур аз шароби арғувониро гирифта, нигарист ба дарунаш, чизе надид. Дуртар бурда, пештар овард…
— Чизе надидӣ? – пурсид Искандар.
— На!
— Касе нест?
— На!
— Маро бидеҳ!
Қадаҳ аз дасти ў рабуд ва нигарист. Андаруни шароби арғувонӣ савори низомипўш бидид. Асбаш ҷавшанпўш; баргустувон, каллапўш ва соқпўшҳо дорад. Танҳо чашмонаш метобаду думаш.
— Кўрӣ? Бубин!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор