Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳанўз ҳам Патрону Главки юнонӣ ҳамроҳи шоҳи Порс бувад ва шоҳ Доро ба онҳо бовар кунад. Бехабар… бехабар…
Дунёи Ҳахоманиширо воруна бояд кард; агар то ҳанўз пасгуна нашуда бошад. Аз ин рў ман ба ин юнониҳои бадкеши хиёнаткор бовар надорам…»
Ин ҳарфҳоро, ки Искандар ба гўши Бусефал борҳо такрор кард, ба гўши юнониён низ расид ва андар он сапедадамон мишмишу баногўшӣ карданд ва гашти асбони юнониён суст шуд; онҳо аз пойи Бусефал қафо монданд. Ба назари Искандар субҳ дамид ва муддате чанд баъд ҳаво тиратар гашт. Ва шоҳи шабрав субҳи фиреборо дарёфт…
Ва юнониён ранҷиданд аз шоҳ Искандар; ҳатто онҳое, ки ҷўраҳои ҷамолакӣ буданд. Ошиқи Тойиси Отинӣ – шоҳзодаи мисрӣ Биталомусро баҳонае лозим буд, то кинавар шавад ба Искандар. Гарпали ба наздикӣ аз Киликия фирор карда, ки Искандар баргардонида хазинадори ҳарбӣ таъйин карда буд, аз ў ранҷид.
Хоса Пармониёни пир ва ҳама юнониён… Вале Искандар воқиф буд ё набуд, ки ҳамаро саҳлу осон медонист…
«Чу, ҷонвар! Ман ба муродам расидам. Қасди падарамро аз порсҳои бадсигол ситонидам; ҷангро бурдам, Персополро оташ задам… Оли ҳахоманишӣ анҷом пазируфт; зару сим ба даст омад; воми падар гузошта шуд; хазинаи Мақдуниё симу зар дид…
Шўҳрати ҷаҳонӣ ёфтам, Бусефал; ту низ… Мақдуниёи хурди калонкори дирафшзардро ҳамин қадараш кифоя. Нишони онро, дирафши онро, сурўди ғамангези онро дигар бояд кард, то мақдуние нагўяд, ки тифл аз гаҳвора рабуданд... Фаҳмидӣ, Бусефал?
Ҳамаро бояд дигар кард ва ангораи туро дар майдони марказии Пелла бояд гузошт! Зеро имрўз Мақдуниё хурд набувад: аз Пелла то Отин, то Миср, то Персопол, то Октобоно… ва он ҷониб худо донад, то куҷо? Хурд набувад хоки Мақдуниё: Юнону Мисру Осиёи Сағир, Порсу Осиёи Марказӣ… ва… кам набувад. Бузургтар аз мамолики Ҳахоманишӣ… Чу, ҷонвар! Чу!»
Ва ба гўши Искандар хўрд, ки селаи зоғони баддаҳон ҷойи каргасҳои лошахўри баднамою бадрангро гирифта, қар-қару ға-ға доранд ва субҳи нав аз даҳонсиёҳии онон ранг гирифта:
ғашовар, гўшхарош, дилбазан, ҷонкоҳ…

БАНДИ САВВУМ

Ва Искандар бо чунин дилу ният ворид гашт ба яке аз пойтахтҳои чаҳоргонаи Порс Ҳангаматон. Ва Дорои Саввумро дарёфт накарда хашмӣ гашт ва маъво гирифт андар саройи Доро.
Кўшки Гардони рўйи наҳр, ки ҳуши сарбозони лоқайди мақдуниро рабуда буд, зўрӣ ба зўрӣ ҷой шуданд дар се ошёнаи он, то баъди тафсои кавири Эрон ва ташнагиҳои зиёд роҳату фароғат кунанд тори рўд.

пешина
аз 391
навбатӣ