Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Худи эрониён гўянд, ки чунин ҷом ҳаст: Ҷоми Ҷам.
— Пас чаро аҳволи мулки Дороро напурсидӣ аз он савор?
– кинояомез пурсид Биталомус.
— Пурсидам… Хароб, гуфт…
Ва хандид Искандар, ки дербоз нахандида буд…
Биталомус сўҳбатро анҷомида дониста, рў ба Геракли хурдсол овард: «По набароварда, кавири Эронро паймудӣ. Чу по барорӣ, ҷаҳонгард шавӣ…» Ва бирафт.
Искандар надонист, ки аз чӣ рў Биталомусро хонда буд. Магар танҳо барои гуфтани он, ки андаруни ҷоми ў саворест? Чун ў масхара донисту бирафт, Искандар беқарор гашт ва сарпосро фармуд, сипаҳсолори пир Пармониён ва Гарпали хазинадорро аз ҷогаҳашон хезонда биоваранд.
Оварданд онҳоро. Пеш аз он ки дафтари аъмоли ононро варақ гардонад ва кардаву нокардаашонро ба рў кашад ва ба пирони кор пеш орад, бо худашон гуфту шунид:
— Андар Осиёи Сағир Гарпал вилояти Киликияро тарк гуфт,
– гўё ин қиссаро сипаҳсолор Пармониён намедонист ва Искандар ўро мегуфт: — Бозгардондамаш ва калиди хазина ба дасташ додам… Ба назарам, як худаш аз ўҳдаи сариштаи ин кор набарояд; зеро минбаъд ў танҳо хазинадори ҳарбӣ набуда, хазинадори шоҳӣ низ ҳаст… Аз сипаҳсолори пурдида хоҳиш ин аст, ки ўро мадад кунад…
— Яъне?
— Яъне… Чун сипаҳсолор пир шуда… ўро зарурати ҷанг намонда… Андар кавири Эрон мушоҳида кардам, ки сипаҳсолор азият кашид. Гумон дорам, хидмати асби ў буд то ба ин ҷо расонидан…
Сипаҳсолор ба андеша рафт. Гўйӣ зери хафтонаш ҷондоре ҷунбид; безобита кардаш. Аввал шарм дошт, ки ба тахтапушт даст барад, аммо баъд ангушт миёни гардану гиребони паси сар мебурд, то хорад он ҷойро.
Гарпал, мазмун, намехост мушоҳид доштанро. Гардан ёзиду сурфид. Вале чизе гуфта натавонист ба шоҳ. Пармониён фармуд:
— Искандар чунин хоҳад, ки сипаҳсолор низ ҳамроҳи иттифоқчиён ба Юнон баргардад?
— На! Шоҳ Искандар хоҳад, ки сипаҳсолор ин ҷо бошад, дар корҳои хазинадорӣ кўмак кунад: зари Порсро то киштиҳо расонад ва аз он ҷо аслиҳа биоварад… Чун фардо иттифоқчиёнро раҳо бикунем, онҳоро раҳнамо лозим бувад… Сипаҳсолор мапиндорад, ки ўро батамом раҳо кардам… Ҳолиё ёрии ў зарур бошад. Зеро дигар чунин пири кор ба чашм нарасад…
Чун ҳамагон дониста буданд, ки сухани Искандарро буридан мумкин нест, то охир гўш дод ва мадд кашид:

пешина
аз 391
навбатӣ