Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳммм… Пир шудем – а?!
Гарпал зермаънии пурсу хитоби сипаҳсолорро сарфаҳм рафт ва низ мадд кашид:
— Ҳммм… Ин дунёи пир киро пир накарда? Особи навбат…
— Оре, Гарпал, особи навбат: имрўз ман, фардо ту… – посух гуфт сипаҳсолори пир ва рў ба Искандар овард: — Баъд навбати шоҳ… Сипаҳсолори нокор шояд дигар сипоҳу лашкариёнро зарурате надошта бошад, аммо Мақдуниёву Юнонро лозим аст…
— Аз ин рў бояд барои Мақдуниё хидмат бикунад; зару зевар бикашонад… Мамлакатро бой гардонад.
— На, шоҳ, чунин кор суде надорад… Мақдуниё вақте сарватманд гардад, ки шоҳ ганҷро ҳамроҳи хеш ба он ҷо бубарад ва бо ихтиёри худ сарфу сарфа бикунад. Вагарна…
— Сипаҳсолор чунон фармояд, ки шоҳ Искандар ҷангро хотима бахшад ва ба Оби Ҳаёт нарасида, баргардад?
— Шоҳи зирак аз як ишора ҳама чизро дарёбад…
— А!? Мурод ин аст? – идомаи фикрашро пурсид Искандар.
— Оре, шоҳ… Он чӣ лозим буд, ба даст омад. Боқӣ…
— Сипаҳсолор бозгашти Искандарро хоҳад? Ба Оби Ҳаёт нарасида?
— Искандар кайҳо Оби Ҳаётро хўрда…
— Чӣ гуна?
— Бо чунин корномаҳое, ки Искандар кард, дар таърих монад ва бемаргӣ ёбад. Маънии Оби Ҳаёт ин аст.
— Чӣ бошад, ки сипаҳсолоре ҷуз пархош чизеро надида ва надониста, Оби Ҳаётро чунин маънидод бикунад?
— Оре, шоҳ! Оби Ҳаёт дигар маънӣ надорад…
— Модарам нависад: «Аз наздикон – аз онҳое, ки сирру савдоятро донанд, эҳтиёт бош! Аз бегонагон худат донӣ!»
— Пас чаро ҳарфи модарро гўш надиҳӣ? Модар борҳо низ гуфта, ки аз баҳри ҷанг баройӣ…
— Сипаҳсолори пир набояд дандони ақл бошад шоҳи таълимдидаро!
— Шоҳи таълимдида ними ҷаҳонро гирифта, магар кам аст?
— Кам аст! Тамоми ҷаҳонро бояд гирифт! Ҷаҳонгир бояд шуд!
— На, шоҳ! Тамоми ҷаҳонро гирифтан имкон надорад. Ҷаҳон аз они Худост!
— Чаро?! Куруш магар ҷаҳонро нагирифт?
— На! Нагирифт… «Курушнома» – ро хондайӣ. Бояд донӣ, ки ў танҳо некӣ кардан хост… Яҳудиёнро, юнониёнро… скифҳоро…
Бо вуҷуди он дунёро гирифта натавонист…

пешина
аз 391
навбатӣ