Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Искандар, ки аз суханшиканиҳои сипаҳсолори пир ба шўр омада буд, ба андеша рафт, ки ў рост гўяд… Сипаҳсолор дер ба андеша ва сукут рафтани шоҳро дарёфт ва хеле хомўш монд. Чун тани шоҳро раъша гирифт, афзуд:
— Сипаҳсолори пири аз гармиву сардии ҷанг дандонрехтаро дигар зиндагӣ кардан маънӣ надорад; зиндагӣ рангу бўй ҳам надорад. Ў умрашро барои Файлақус ва Искандар сарф кард; боқӣ…
— Пушаймонӣ? Ва миннат кунӣ?
— На… Миннат накунам…
— Миннат накунӣ, аммо пушаймон ҳастӣ…
— Оре… Ҳолиё пушаймонам… Зеро дер дарёфтам, ки оқибати ҳама гуна ҷанг ҷанг бувад… Одамӣ ҳеҷ гоҳ зўроваронро набахшад. Ҳама умр дар дил кина гирад ва камин ҷўяд… Кинаи Искандар кинаи якрўза набуд; кинаи дерина буд. Ҳарчанд ки порсҳо Искандарро бадие накарда… Онҳо ҳар кор карданд пеш аз аҳди Файлақус карданд ва андаке андар замони ў карданд…
Вале писари ў кинаи таърихӣ гирифт… Кайфари амали ононро гардонид… Ё нодуруст гўям?
— Нодуруст гўйӣ, пирсаг!!!
Забони сипаҳсолор гирифт ва кару гунг монд. Сараш гиҷ гашт ва дилаш ба танг омад. Ва ҳарчанд Искандар дўғу даранг дошт ва чизҳо мепурсид, ў посух гуфта наметавонист. Ба қадру қимати хеш сўхт ва саҳл монд ба гиристан. Худдорӣ ва бузургӣ кард:
«Гиристан назди чунинон ба хорӣ, заъифист…» Донае сахт андар гулўяш монд ва роҳи нафасашро танг кард. Ҳамин қадар тавонист, ки сар ҷунбонад… Умраш гузашта… «Он тарафаш кирои зистан надорад. Бо хорӣ зистан як нафасаш ҳам зиёд… Ҳайф. Сад ҳайф…
Бо чунин лашкаркаш будани писарон низ ҳайф.» «Баҳо»-и шоҳ чунон сипаҳсолорро сахт расид, ки умре дорад дигар бо ў рў ба рў нагардад…
… Тақдири писаронашро андешад…
Рўзи дигар баъди машварати пирони кор Искандар лашкар орост андар бунгоҳ ва чун ҳамеша Бусефали номдор бо ҳазор ишва ёлафшону кишнакунон, сарсинааш дамида, миён кашида, гардан каҷ доштаву сум шикаста, убур кард назди сафу раддаҳоро ва қарор гирифт рў ба рўйи талоя, ки Пармониёни пир низ он ҷо буд. Сарлашкар сипоҳро аз назар гузаронд ва бо суханони мутантани маъмуливу ошно шодбош гуфт:
— Шодам, ки бо мушкилоти зиёд роҳи кавири Эронро сипардед ва зиндаву саломат ҳастед… Аз ҳамаи шумо ташаккур мекунам! Хоса аз иттифоқчиён! Қарордоди «Иттифоқи Коринф»
анҷом пазируфт ва шартҳое, ки миёни мо буд, иҷро гардид! Имрўз иттифоқчиён озоданд! (Садоҳо боло шуданду дастафшониҳо карданд; Искандар низ даст афшонд.) Иттифоқчиён метавонанд ба ватан баргарданд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор