Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Мардум гумон кунанд, ки Искандар гўри ўро зиёрат хоста. Касе пай набарад, ки аз барои симу зар дахмаи шоҳаншоҳро кушода… Баъзе сарбозон дуруст рафтор кунанд, ки ба зари пайдо карда танҳо шароб хўранд, то лаҳзае ғаму ғусса ва ноумедиҳоро фаромўш кунанд... Аз одамизода пасттар махлуқе надидам... Ҳама бало аз дасти ў хезад, аммо Аҳриманро лаънат хонанд... тавба-тавба...
Осуда бош, ай сипаҳсолори пурдида! Рўзе туро ба некӣ ёд кунанд… Ягон вақт донанд, ки ту на аз пайи ҷанг, балки аз барои ором кардани шоҳон ва таъхиру диранг додани набардҳо ва хомўш кардани оташи он дар сафи онон гардӣ… Онҳоро аз лашкаркашиҳо боздоштанӣ шудайӣ; аз ин кор тавбаҳо дидайӣ; чун дониста, ки бе ту корашон барор нагирад, аз гуноҳи босавобат гузаштаанд.
Вале оқибаташ чӣ шавад? Касе надонад... Аммо дили худам гувоҳӣ диҳад, ки ин бачча маро орому осуда нагузорад. Зеро нафари дигар, ки ҷилави тохти ўро кашад, вуҷуд надорад...
Ай сипаҳсолори боҳуш, бедор бишав, ки ба кайк ситеза карда пўстин сўхтан чӣ маънӣ дорад? Магар аз мурдани ту хок сер шавад? Ё шоҳ Искандар ором гардад; ҷангро хотима бахшад ва ба ватан баргардад? Гумон надорам. Ў аз чунин лашкаркашон набувад, ки як ё ду шикаст, ноомад дарсаш шавад… Ба назарам мурад ҳам, аз ин роҳ барнагардад… Аз ин рў қурбонии чиҳилу ҳаштум шудани сипаҳсолори пир маънӣ надорад! Мубориза бояд бурд! Ҳаром мурдан сагвор мурдан бувад; ба чунин мурда дили касе насўзад, балки ба мурдаат санг андозанд, нафрат кунанду туф ва лагад бар гўрат зананд… аз ҳаром мурдан мурдани пасттар ва беобрўе набувад.
Ва аммо то ин дам ё кўр будайӣ ё хештан ба кўрӣ задайӣ, сипаҳсолор. То ин лаҳза нафаҳмидайӣ, ки касеро хидмат кардан чӣ маънӣ доштааст… Ман Мақдуниёро хидмат карданӣ будам; пиндорам буд, ки ҳама хидматҳоям барои мардум аст, барои ватан аст… На-а-а, барои шоҳон ва шахсони ҷудогона будааст.
Ин ғуломист ё озодист? Солори сипоҳ гўё озод аст; ҳазорон сарбозу сарфавҷро фармонфармойӣ кунад; лашкарро сару ҷилав гардонад ва ҳар чӣ ў хоҳад, он шавад. Ба назар бузургтар аз ў касе набувад дар артиш: сари сипоҳ!
То пирӣ гумон доштам, ки ҷанг – зиндагист… барои зану фарзанд ва халқу ватан хидмат мекунам. Он қадар дилбаставу фидои будам, ки писаронамро низ касби ҳарб омўхтам. Пиндорам буд, ки хубтар аз ин касб касбе вуҷуд надорад. Ҳар чӣ хоҳӣ, он шавад. Лаҳ-заҳое буд, ки шайтон бардор медод: тахту тоҷ вожгун созӣ, бар маснади шоҳӣ нишинӣ. Қудрат буд ва ҳама сипоҳиён фармони туро гўш медоданд… Ҳммм… Шояд Искандар баъди ҷангҳои тўлонӣ ин чизро пай бурда бошад, ки ин қадар сахт гирифта маро? Шояд пиндорад, ки дер ё зуд ин корро сипаҳсолор бикунад; бавижа гоҳе ки ман ўро аз сафар боздоштанӣ шавам ва хоҳиши басанда кардани ҷангро пеш орам…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор