Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

баччаро аз роҳи азмкардааш боздорӣ, душманӣ пиндорад... Вале чаро ин фикрҳо пештар ба сарам назад, то писаронро кашоварзӣ омўзам, шубонӣ фармоям, илму адаб ёд диҳам – ба мактаби Аристотолис гузорам.
Ҳайфову дареғо, ки дарси ҳарб омўхтам. Пушаймонам аз роҳи сипардаи хеш; аз харобкориҳо! Оё дер шуда, ки писарон аз ин роҳ боздорам? Агар ҳамроҳи иттифоқчиён ба ватан баргарданд?
Онҳо аз ин ният огоҳӣ надоранд. Агар чунин шавад, Искандар ба сарам бало резад; буд-набуд, баҳона ҷўяд ба нобудии ман…»
Хаёлаш ба дуриҳо рафт; «ҳаёту мамот»-ро ҳазорон бор дар дил такрор кард; замони кибру ғурур ва ҷавонӣ ёдаш омад, ки аз неши теғаш хун мечакид ва миёни шоҳу сипоҳу халқ эътибори зиёд дошт ва орзу мекард, то писаронаш низ чунин боэътибор бошанд. Шоҳ Файлақуси Дуввум ҳама умед бар ў баста ва ихтиёри лашкар ўро дода буд. Ҳар сарбоз орзу дошт Пармониён шавад. Ҳар гетер ҳавас мекард дар сўҳбати ў нишинад; ҳар зан орзу дошт, ба армон буд чунин шавҳар дошта бошад. Родмарди шербаси кашидатан ва чолоку тезҳушу тезвир ва чун паланг тезгир. Чобуксавори теғзани камонандоз… Монанд ба қаҳрамонони афсонавӣ, ки Искандар сари кор ин қаҳрамони зиндаро пайравӣ мекард; аз корнамоиҳояш дарси ҳарбӣ омўхта буд ва бо ифтихор ба сарбозон корномаҳояшро намуна нишон медод. Бо муҳаббат номи ин солори сипоҳро ба забон мегирифт.
Ва сипаҳсолор аз касби хеш, аз кирдору рафторҳояш ифтихори қаноъатмандӣ мекард. Як боли сипоҳи тезрав ба ўҳдаи ў буд.
Назорати умумии артиш низ. Умеди асосии Искандари лашкаркаш низ бар ў буд… Вале чӣ шуд, ки шоҳ якбора бадаш дид?
Муаммои сарбаста. Шоҳ ягон чизро ба инобат нагирад. Дар ҳар сари мўй ё ситезад ё ангезад; киноя занад ё таъна. Сипаҳсолор китфон ба ҳам кашад, ки чӣ гуноҳе карда?
«Гуноҳам аз тори мўям зиёдтар, аммо пеши Искандар на, пеши Худованд маълум, ба худам маълум… Лекин Искандарро чӣ хиёнат ё гуноҳе кардаам, ки сагу гурба донад ва «Пирсаг» хонад? Ҷуз хидмати холисона, муҳаббату меҳрубонӣ, мадад ва ҷонфидойӣ, агар ин гуноҳ бошад, гуноҳе накардаам… Бадравон, бадсигол, бадкеш, бадманиш ва бадгуҳар… бувад ин баччамард…
На-а-а… Магўй чунин андешаҳоятро, сипаҳсолор. Об барад хаёлҳои нобобатро… Искандар ба орият ҷангад. Қасди мақдуниёну юнониён ситонад аз эрониён ва номи хеш ба ёдгор гузорад.
Аз Мақдуниё ҳамин қадар ҷавонмарди багурдаву базарда баромад.
Номи ҳаминро ҳам паст занем, кӣ боқӣ хоҳад монд? Хайрият, ки ба об гуфтам андешаҳоямро чу хоби бад… Орзуе, ки Искандар дорад, касе надорад. Муродаш ин аст, ки родмард, қаҳрамон, нимхудо ва худо бошад. Орзу дар ҷавонӣ айб набувад. Аммо ҳар чиз андоза дорад; ҳар роҳ ҳадд дорад; ҳар кор дараҷа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор