Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас аз ў истифода кунанд. Бехабар, ки ў худро Худо хонад он рўз…
Дидам, ҳамаашро дидам… Чунон шуд, ки ҳарфи худамро ба худам дигаргуна оварданд ва дилам монд аз хештан, ки наход ман ҳам чунин бадгуҳар ва бадкеш бошам. Ман аз наҷоди паст набудам – ку? Гўё ман дар бораи Мақдуниё бад гуфтаам ва хешро мақдунӣ надонистаам. Сар мешиканам, ки кай, дар куҷо, бо кӣ чунин гуфта бошам, ёдам намеояд… Пасон андешидам, ки дар ҳаққи Искандар низ чунин гўянд ва ин дарде ё маразе бувад табобатнопазир. Баъзеҳо бе иғво, бе дасиса, бе ғаммозӣ, бе маломат зиста натавонанд. Занонро зан гўйӣ, аммо баъзан мардон аз занони акка батаранд…
Ҳа-а-а, оби равон, дар ҳаққи Искандар бадгўйӣ набувад. Гоҳгоҳе аз ў гузарад: худоёнро зуд-зуд иваз кунад ва сабабҳои зиёд…
Чун дили ҷаҳонгир шудан дорад, ба ҳама ва ба кулли халоиқ нағз шудан хоҳад, забон як кардан хоҳад; дили бузургони мамолики дунёро ба даст овардан хоҳад; ба хулқу хўйи нек, худнамоиву фиреб, найранг, рўбоҳӣ, гургоштӣ… Вале барои ин аз Мақдуниёву мақдуниён рўй тофтан зарурате надорад; рўзе расад, ки онҳо низ аз ту рўй тобанд. Ё шояд нозу нозгунҷӣ кунад, ки мақдуниҳо худианд… дили бегонагонро ба даст бояд овард; Мақдуниё мулки худ, марзҳои бегонаро забт бояд кард? Шояд… Вале фаромўш набояд кард, ки кирми дарахт аз худи дарахт. Зиёни бегона дер кора кунад, зиёни худӣ зуд; таънаи бегона алам кунад, таънаи худӣ ҷон коҳонад.
Ва аммо дер ё зуд Искандар бояд фаҳмад, ки било мақдуниён кораш барор нагирад… На! Ў аллакай пай бурда, ки иттифоқчиёнро, сарбозони кирояро раҳо кунад ва рухсати баргаштан диҳад, кораш бо мақдуниён созад…»
Сипаҳсолори пир ҷуссаашро бардошта хестанӣ шуд, миёнаш дард ёфт. Ва сояашро дид, ки хамида намояд. Дастон ба миён гузошта қомат рост кард ва нафаси дароз кашид: «Ҳамин будааст, ҳамааш ҳамин будааст…» Ҳаракат кард. Сояаш дар мавҷҳои рўд мешикаст ва қомати хамидааш чандон аён намешуд.

БАНДИ ПАНҶУМ

Искандар аз ғазаб рўйи мафраши эронӣ пасу пеш пой мекўфт,
ки чӣ ноомаде шуд? Аз чунин садама Юнону Мақдуниё мотам
хоҳад гирифт ва шоҳ бояд ин рўзро ном гузорад: Ин рўзро дар
яке аз пойтахтҳои Порс Ҳангаматон рўзи мотам хонд. Чун ҳама
ўро изҳори ҳамдардӣ мекарданд, дилаш гирифт; мотамзада фармуд: «Касеро нагузоред дарояд!» Мансабхоҳон, хушомадгўён ва
ашрофзодагони зиёде буданд, ки ба хушомад назди ў даромаданӣ мешуданд, аммо дарбону сарпос намегузоштанд касеро ворид шудан.

пешина
аз 391
навбатӣ